Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: маоши миёна дар Тоҷикистон тақрибан 1648 сомониро ташкил медиҳад

Июль 26, 2022 11:16

ДУШАНБЕ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. То 1 июни соли равон музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон 1647,3 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 154,8 сомонӣ ва нисбат ба аввали соли равон 106,5 сомонӣ зиёд аст. Дар ин бора Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Ширин Амонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи соли равон иттилоъ дод.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар охири соли 2021 маоши миёнаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ 1812 сомонӣ ва ҳадди ақал 400 сомониро ташкил медод.

Вазир ҳамчунин зикр  кард, ки аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти давлатӣ ва идораи давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва дигар ташкилоти буҷетӣ зиёд карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 июл ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон то 600 сомонӣ боло рафт. Қабл аз ин маоши ҳадди ақал дар кишвар 400 сомониро ташкил медод. Фармони дахлдорро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 январи соли равон имзо намуданд.

Тибқи ин санад, маоши мансабии кормандони мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, илм (ба истиснои кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он), фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилоти буҷетӣ 20 фоиз зиёд шуд.

Ҳаҷми заминавии маоши кормандони соҳаи тиб 20 фоиз зиёд ва 366 сомонӣ (35 доллар) муқаррар гардид. Инчунин маблағи нафақа барои кудакони ятим ва пардохтҳо ба ноболиғон дар сурати аз даст додани саробон 25 фоизи ҳадди ақалли нафақаи пиронсолӣ зиёд карда шуд.

Стипендияҳои донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба истиснои курсантҳои донишкадаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) низ 20 фоиз афзуд.

Аз 1 январи соли равон маоши мансабии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 20-25 фоиз зиёд карда шуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 26, 2022 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд