Агентии омор: Дар шаш моҳи соли 2022 нархи молҳои озуқаворӣ 7 фоиз зиёд шудааст

Август 4, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали соли равон то моҳи июн молҳои озуқаворӣ 7 фоиз ва молҳои ғайриозуқаворӣ 2,3 фоиз афзоиш ёфт. Хизматрасони пулакӣ ба аҳолӣ 1,1 фоиз паст гардид. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода баён дошт.

Мавсуф зикр намуд, ки дар Тоҷикистон сатҳи таваррум аз 548 номгӯй молу маҳсулот, аз ҷумла молҳои озуқаворӣ- 112 номгӯй, молҳои ғайриозуқаворӣ- 338 номгӯй ва хизматрасони пулакӣ ба аҳолӣ- 100 номгӯй иборат аст.

Вобаста ба нархҳо, ки аз кадом минтақаи мамлакат гирифта мешаванд, Гулнора Ҳасанзода зикр намуд, ки «нархҳо дар 450 нуқтаи савдо, аз ҷумла аз 40 бозори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, 115 мағоза ва 295 нуқтаи хизматрасонӣ маврии омӯзиш қарор мегиранд. Яъне, дар вилояти Суғд дар 218 адад, дар Хатлон- 117, ВМКБ- 65 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 50 адад бозору мағоза ва нуқтаи хизматрасонӣ нархҳо ба инобат гирифта мешаванд. Аз рӯи ҳамаи ин баъдан нархи миёна ва сатҳи таваррум дар Тоҷикистон муаяйн мегардад».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз аввали соли равон нархи маҳсулоти хӯроквории зерин: сабзавот 8,8 фоиз ( бехпиёз 51,8 фоиз, сабзӣ 32,7 фоиз, карам 3,2 фоиз); маҳсулоти нону булка ва ярмаҳо 15,1 фоиз (аз ҳисоби орди навъи 1 – ум 22,1 фоиз, макарон 13,1 фоиз, ярмаи марҷумак 12,2 фоиз, нон 10,7 фоиз ва биринҷ 1,2 фоиз); равған ва чарбу 4,5 фоиз (равғани пахта 5,5 фоиз, равғани офтобпараст 2,6 фоиз); шакар 21,2 фоиз, шир 8,5 фоиз ва гӯшти мурғ 2,9 фоиз қимат шудааст.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар моҳҳои январ — июни соли равон ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 73 627 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 фоиз зиёд мебошад. Инчунин дар ин давра низ истеҳсоли гӯшти паранда дар ҳамаи категорияи хоҷагидорӣ ба 20 302 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 фоиз зиёд мебошад

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ интихоб гардид
Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд