ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз Вазорати нақлиёт, Агентии назорати маводи нашъаовар, Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 август оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Агентии назорати маводи нашъаовар нишасти матбуотиро соати 09:00 дар Агентии назорати маводи нашъаовар баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 10:00 дар Вазорати нақлиёт доир мегардад.
Нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноат соати 15:00 дар Палатаи савдо ва саноат барпо мешавад.
Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2022 аз 12 июл оғоз гардида, 5 август ҷамъбаст мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






