БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Фархор корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равған ба истифода дода мешавад

Август 22, 2022 15:49

ДУШАНБЕ, 22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор якчанд иншооти иҷтимоӣ, аз қабили корхонаи коркарди пахта, истеҳсоли равған, макарон, коғази ташноб, коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Раиси вилоят 20 август зимни сафари корӣ ба ноҳияи Фархор аз мавзеи сохтмони корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равған, ки дар деҳаи Арчаи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Сафаров бунёд шуда истодааст, дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур то охири соли равон ба истифода дода шуда, дар он коргоҳҳои исканҷаи пахта, истеҳсоли собун, равған, пахтаи кӯрпабоб ва арракунӣ бунёд карда мешаванд. Ҳамзамон бо ин 20 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо гурӯҳи ҳамроҳонаш бо ҷараёни корҳои сохтмони коргоҳи истеҳсоли макарон, коғази ташноб, коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ шинос гардид.

Ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки коргоҳи истеҳсоли макарон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Қурбонхуҷа Маҳмудов ва коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз тарафи ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» бунёд шуда, имсол ба истифода дода мешаванд.

Ҳамчунин дар ноҳия корҳои сохтмони биноҳои шуъбаи милитсия ва таваллудхона, воқеъ дар деҳаи Ориёни Ҷамоати деҳоти Фархор ҷараён доранд.

Бинои шуъбаи милитсия бо фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, соли равон ба истифода дода мешавад.

Бинои таваллудхонаи 5-ошёна аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ ва пудратчии сохтмон- ширкати ҶДММ «Сабр А Ф» бо риояи қоидаҳои сифатан баланди меъморию сохтмонӣ сохта шуда истодааст.

Ҳамчунин Раиси вилоят бо истифодаи самаранок ва мақсадноки қитъаи наздиҳавлигии Азаматовҳо шинос шуд.

Оилаи мазкур айни ҳол аз маҳсулоти гуногуни сабзавоту меваҷот зиёда аз 500 қуттӣ консерва, зиёда аз 1 тонна гандум ва дигар лӯбиёдонагиҳоро барои зимистонгузаронӣ захира намудаанд.

​Дар анҷоми сафари корӣ Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарон ва масъулини сохтмони иншооти сохташаванда баҳри дар сатҳи баланди меъморию шаҳрсозӣ мавриди истифода қарор додани иншооти мазкур супоришҳои мушаххас дода, гуфт, ки тавассути корҳои ободонию созандагӣ то ҷашни пурифтихори миллӣ — 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ симои ноҳияро куллан дигаргун намоянд.

АКС аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Август 22, 2022 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад