БАРОИ ЭЛЕКТРОМОБИЛҲО ЧАРОҒАК САБЗ АСТ. Тоҷикистон ният дорад истифодаи чунин воситаҳои нақлиётро афзоиш дода, воридоти онҳоро аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод кунад

Август 11, 2022 11:34

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ворид намудани 130 мошини барқӣ дар 6 моҳи охир хабар дод, ки онҳо истеҳсоли Чин ва Олмон буда, ҳоло дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Тавре қаблан хабар дода шуд, Вазорати нақлиёти мамлакат лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол намудааст. Пешниҳодҳои онҳо ба лоиҳа аз ҷониби комиссияи машваратии байниидоравӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ баррасӣ мешавад. Сипас лоиҳа барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод мегардад.

Лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки аз 9 боб иборат аст, дар асоси Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат таҳия шудааст,-гуфт Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим.

Азим Иброҳим, Вазири нақлиёти ҶТ

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии ин санад дар заминаи саноати мошинсозӣ ташкили самти нави рушди иқтисод- истеҳсоли электромобилҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши истифодаи электромобилҳо, тавсеаи инфрасохтори воситаҳои нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсиррасонӣ ба муҳити зист мебошад.

Ба зикри вазир, Тоҷикистон яке аз кишварҳои ИДМ аст, ки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон тавлид мекунад. Дар робита ба ин, истифодаи электромобилҳо дар мамлакат аз ҳар ҷиҳат ба мақсад мувофиқ ва самараноктар аст. Хусусан дар давраи болоравии нархи маводи сӯхт, ки он соли гузашта ба тамоми соҳаҳо таъсири манфӣ расонид. Истифодаи электромобилҳо на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар аст, балки аз ҷиҳати экологӣ низ тоза буда, вобастагии кишварро аз бархе молҳои воридотӣ коҳиш медиҳад.

Ин тарҳ ба коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон марбут буда, имрӯз ҳиссаи асосии он ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд. Илова бар ин, барномаи нав ба рушди фанновариҳои нави хизматрасонии электромобилҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳамчунин коҳиш додани вобастагии кишвар аз боздоштани воридоти сӯзишворӣ барои мошинҳо равона шудааст.

Бар асоси ин тағйирот воридоти электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва воситаҳои мушобеҳи нақлиётӣ ба муддати 10 сол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.


Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози кишвар низ баррасӣ шуданд, ки имкон медиҳанд воридоти электромобилҳо аз боҷи гумрукӣ озод карда шавад. Қарор аст, ки бар асоси ин тағйирот воридоти электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва воситаҳои мушобеҳи нақлиётӣ ба муддати 10 сол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шавад. Электромобилҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳамчунин аз андоз, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда мешаванд.

Тадбирҳои мазкур ба истифодаи самараноки «иқтисоди сабз», васеъ истифода бурдани дигар манобеи барқароршавандаи энергия, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологии кишвар, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (охири моҳи декабри соли гузашта) ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ин бора дастур дода буданд, равона гардидаанд. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, татбиқи онро таъмин намояд.

«Бо мақсади мутобиқсозии иқтисодиёти миллӣ ба тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологии кишвар воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳоро бояд аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод намуд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати кишварро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан фароҳам овардани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ тадбирҳо андешад», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2022 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар Тоҷикистон барои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ корҳои омодагӣ ҷараён доранд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон беэътиборӣ ё беэҳтиромиро нисбат ба забон қотеътарин далели надоштан ё гум кардани ҳисси миллӣ номиданд
Шумораи қурбониёни тирпаронӣ дар Ижевски Россия ба 17 нафар расид
БОҒИ ДӮСТИИ ТОҶИКОНУ УЗБЕКҲО ДАР СИМОИ ПРЕЗИДЕНТОНИ ДУ ДАВЛАТ БОҒБОНҲОИ АСИЛИ ХУДРО ДОРАД. Ё чӣ гуна Шароф Рашидов ва пайравони ӯ решаҳои нахли дӯстиро мустаҳкамтар намуданд
БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Адолат Раҳмонова: «Бузургӣ ва марди худодод будани Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳзаҳо аллакай ҳувайдо буд»
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Имрӯз Раиси вилояти Суғд бо намояндагони ВАО мулоқот намуд
ПАС, ТАҶОВУЗКОР КИСТ? Сироҷиддин Муҳриддин аз минбари СММ натиҷаҳои ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро ба самъи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид
Фарҳод Раҳимӣ ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро ба шеваи таҳоҷуми гурӯҳҳои террористии байналмилалие, чун «Ал-Қоида»* ва «ДОИШ»* шабоҳат дод
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Тибқи қисми 2-и моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқоти ҷанг манъ аст
БА ОСИЁБИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ОБ НАРЕЗЕД! Изҳороти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба гузориши иғвоангези Радиои «Озодӣ»
НЕК АНДЕША КУНЕД! Муроҷиат ба мардуми Қирғизистон