Беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд
ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост омада, бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон маҳз давлатҳои узви СҲШ, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Узбекистон, Покистон ва Ҳиндустон мебошанд. Дар ин бора зимни баргузории Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, 16-17 август ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дар Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар форуми мазкур намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла Тоҷикистон, Чин, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Узбекистон ва Русия иштирок намуданд.
А. Солеҳзода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои СҲШ муносибатҳои кишварҳо пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо ва таваҷҷуҳи хоссаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои СҲШ дар шашмоҳаи аввали соли 2022 68 фоизро ташкил додааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, «иқтисоди сабз», кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама, маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар тӯли беш аз 20 сол дар маҷмӯъ дар чаҳорчӯби СҲШ ҳамкории мутақобила ба роҳ монда шуд, ки ба таҳкими иқтидори иқтисодии созмон нигаронида шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосгузори СҲШ мебошад. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда изҳор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






