БОИНГИ «МИРЗО ТУРСУНЗОДА». Ширкати «Somon Air» аз ширкати лизингии «Аviation Capital Group» боз як ҳавопаймои «Boeing 737-800» дастрас намуд

Август 30, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи тоҷик аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» хабари хуш расид: ширкат имрӯз як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе ва шумораи ҳавопаймоҳои худро зиёд намуд.

Ҳавопаймо аз 189 курсии эконом иборат буда, ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шудааст.

Интизор меравад, ки аввали моҳи сентябр як ҳавопаймои Boeing 737-800 низ шомили парки ҳавопаймоии ширкат гардад. Ҳарду ҳавопаймо дар асоси лизинги амалиётӣ аз яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ — ACG (Aviation Capital Group) гирифта шудаанд.

Бо дарёфти ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» дар маҷмӯъ ба шаш адад мерасад — ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва чаҳор ҳавопаймои Боинг 737-800.

Мояи хушнудист, ки қабули ҳавопаймоҳои нав ба таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи гражданӣ рост омад. Бешубҳа, ҳавопаймоҳои гирифташуда ба тавсеаи шабакаи парвозҳо — зиёд гардидани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои амалкунанда ва роҳандозии хатсайрҳои нав, инчунин қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни мусофирон мусоидат мекунанд.

«Миннатдорем аз ширкати ACG барои эътимоду ҳамкорӣ ва итминон дорем, ки муносибатҳои шарикии мо минбаъд ҳам таҳкиму тақвият меёбанд»,-зикр намуд муовини Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев.

Aviation Capital Group соли 1989 таъсис ёфта, яке аз ширкатҳои пешбари ҷаҳон дар самти идораи дороиҳои авиатсионӣ бо маҷмӯи пурраи хизматрасониҳо мебошад. То охири моҳи июни соли равон Aviation Capital Group молики 475 адад ҳавопаймо мебошад, ки ба 85 ширкати ҳавопаймоии 45 давлати дунё ба иҷора дода шудаанд. ACG ширкати фаръии корпоратсияи Tokyo Century аст.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2008 дар бозори байналмилалии интиқоли ҳавоӣ муваффақона фаъолият намуда, узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Ширкат аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом дода, дар айни замон ҷиҳати барқарорсозии парвозҳо ба самти Чин ва роҳандозии парвозҳои мунтазам ба самти Арабистони Саудӣ тадбир меандешад. Бехатарии парвозҳо афзалияти ширкат буда, фаъолияти он ба қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба интиқоли ҳавоӣ, тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронида шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

Август 30, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад