БОЗДОШТИ 24 МАРЗШИКАН. Мақомоти марзбонии Узбекистон даргирӣ дар марз бо Афғонистонро шарҳ дод

Август 23, 2022 12:25

ДУШАНБЕ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти марзбонии Узбекистон бо нашри як иттилоия изҳор дошт, ки дар ҳудуди ҷазираи «Арал Пайғамбар»-и вилояти Сурхондарё як гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, бо заврақҳояшон ба ҷазираи мазкур омадаанд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора дар маркази матбуоти мақомоти марзбонии Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ба гуруҳи марзбонон, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, марзшиканон муқовимат нишон доданд.

«Дар натиҷаи гузарондани амалиёт 24 нафар барои марзшиканӣ боздошт гардида, шахсияташон муайян карда мешавад», — омадааст дар иттилоия.

Тавзеҳ дода шудааст, ки ҳадафи ин гуруҳи марзшиканон ҷамъоварии решаи гиёҳи ширинбия будааст, ки дар ин минтақа ба миқдори зиёд мерӯяд.

Қаблан сухангӯи пулиси Толибон* дар вилояти Балх Мавлавӣ Идрис низ ба аген6тии Sputnik рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ намуд, аммо тафсилоти зиёд ироа накард. Ӯ изҳор дошт, ки намояндагони мақомоти маҳаллии толибҳо ба ҷои ҳодиса рафтаанд ва қазияро таҳқиқ мекунанд.

_________________________

*Ҳаракати дар Тоҷикистон, Узбекитстон ва кишварҳои дигар мамнуъ

АКС аз манбаҳои боз

Август 23, 2022 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад