COVID-19. Дар Тоҷикистон шахсони аз 60-сола боло бо ваксинаи чорум фаро гирифта мешаванд

Август 24, 2022 11:50

ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо дарназардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар якчанд кишвари ҳамсоя дар Тоҷикистон шурӯъ аз 16 август даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид. Дар ин марҳила аллакай 36 ҳазору 635 нафар кормандон ба ваксинатсия бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иброз намуд, ки ба давраи чоруми  ваксинатсия шахсони аз 60-сола боло фаро гирифта мешаванд.

«Нафароне, ки аз 60-сола боло буда, ваксинаи сеюмро се ё шаш моҳ пеш гирифтаанд, метавонанд ваксинаи чорумро қабул намоянд.  Тибқи нақша,  баъд аз табибон шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи чоруми ваксина фаро гирифта мешаванд. Ин амал дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  идома меёбад», — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки аз оғози маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 то 19 август 5 миллиону 312 ҳазору 807 нафар (94,9 фоиз) бо вояи якум, 5 миллиону 221 ҳазору 534 нафар (93,3 фоиз) бо вояи дуюм ва 4 миллиону 927 ҳазору 758 нафар (88,0 фоиз) бо вояи сеюм бар зидди сирояти мазкур фаро гирифта шуданд.

То имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба ваксинатсия бар зидди ин сироят фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ба Тоҷикистон 18 миллиону 290 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардидааст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, агар зимни ваксинагузаронӣ одамон ба бемории сироятӣ ё зуком гирифтор ва ё дорои нишонаҳои ин маризиҳо бошанд, ваксинагузаронии ин гуна шахсон то давраи барқарор гардидани саломатиашон ба вақти дигар гузошта мешавад.

Табиби маъруфи эронитабори Амрико, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ зимни суҳбат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки «ваксинаи чорум танҳо ба нафарони аз 50 ё 60-сола боло тавсия дода мешавад».

Ораш Алоӣ иброз намуд, ки «ҳар шахс бояд бо се вояи ваксина фаро гирифт шавад. Ваксинаҳо то 90 фоиз шахсро аз гирифторӣ ба ин вирус, пешгирии фавт ва шадид нагузаштани ҷараёни беморӣ нигоҳ  медоранд. Илм собит кардааст, ки тамоми ваксинаҳо, аз ҷумла ваксинаи COVID-19 муфиданд ва оризаҳояшон бисёр кам аст. Ба ин хотир тавсияи ҳатмӣ медиҳам, ки аз ҳамаи ваксинаҳое, ки дастрас ҳастанд, истифода кунед ва ҳеҷ кас набояд аз ваксина задан манъ шавад, магар касоне, ки дар айни замон худашон бемор бошанд. Ҳатто нафаре, ки дар гузашта бемориро гузаронидааст, ӯ низ метавонад ваксина занад. Суоле, ки ҳамеша аз ман мепурсанд, ин аст: касоне, ки гирифтори бемориҳои дил, диабет, раг ва ё гурдаанд, метавонанд ваксина зананд? Бале, онҳо бояд ваксина гиранд. Чунки онҳо бемориҳои музмин доранд ва ҳатман бояд дар марҳилаи аввал ваксина зананд. Шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд аз намуди нав сироят ёбанд, вале онҳо бемориро бисёр мулоим паси сар мекунанд».

Аз Ораш Алоӣ вобаста ба зарурати фаро гирифтани дигар қишрҳои ҷомеа ба ваксинаи чорум пурсон шудем, ки чунин посух дод: «Ин вирус аз пайдоиш то имрӯз  бо навъҳои нав паҳн гардида истодааст. Олимон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ваксинае ихтироъ намоянд, ки ба ҳамаи намуди ин вирус муқобилият карда тавонад. Ба дигар қишрҳои ҷомеа гузаронидани ваксинаи чорумро вақт нишон медиҳад».

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 24, 2022 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид