Дар Академияи миллии илмҳо Рӯзи дарҳои кушода гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр барои ҷалби хонандагони синфҳои 7-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номнавис гардидани хонандагон ба бахшҳои мушаххаси фаннии Академияи хурди илмҳо Рӯзи дарҳои кушодаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, дар Рӯзи дарҳои кушода аъзои Раёсати Академия, директорони институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, устодони бахшҳои тахассусӣ ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ иштирок менамоянд.
Дар ин рӯз хонандагони синфҳои аз 7 то 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, метавонанд ихтисосҳои барои худашон мувофиқро озодона интихоб намуда, савия ва донишашонро бо ёрии олимони институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академия илмҳо такмил диҳанд.
Дар доираи Академияи хурди илмҳо мактаббачагони болаёқат имконият доранд дар сессияҳои зимистона ва тобистонаи Академияи хурди илмҳо иштирок намуда, баъди натиҷагирии ҳакамон бо ифтихорнома ва дипломҳо сазовор гарданд. Ҳамчунин дар сессияи баҳоронаи Академияи хурди илмҳо беҳтарин мактаббачагон метавонанд чун узви вобаста ва узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 24 муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ бо зиёда аз 2000 корманд фаъолият менамоянд. Хонандагон метавонанд худро дар бахшҳои зерин: математика, информатика, астрофизика, физика, химия, гидрохимия, биология, иқтисодиёт, тиб, таърих ва бостоншиносӣ, генетика, география, экология ва ғайра номнавис намоянд.
Ҳадаф аз ҷалби наврасон ба чорабиниҳои Академияи хурди илмҳо, қабл аз ҳама, ошкор намудани нафарони боистеъдод миёни ин қишри ҷомеа мебошад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад






