ДАР АВРУПО БИНОБАР НОРАСОИИ ОБ ВА ХУШКСОЛӢ ДАРАҶАИ «СУРХ»-И ХАВФ ҶОРӢ ШУДААСТ. Тоҷикистон ва Нидерланд ба баргузории Конфронси СММ оид ба масъалаҳои об дар Ню Йорк омодагӣ мебинанд

Август 8, 2022 11:26

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Фаронса барои рафъи оқибатҳои хушксолӣ ситоди зиддибуҳронӣ ташкил мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Евронюс» иттилоъ медиҳад, июл хушктарин моҳ дар шаш даҳсолаи охир ба шумор рафта, бориш 7 маротиба камтар аз чашмдошт ба амал омад. Зиёда аз садҳо ҷамъият барои дастрас намудани оби нӯшокӣ мушкилоти ҷиддӣ эҳсос менамоянд ва  ҳосил зери хавфи хушкшавӣ мондааст.

«Мо дар шароите қарор гирифтаем, ки дигар онро одӣ номидан мумкин нест. Мо ҳеҷ гоҳ чунин хушксолиро надида будем. Ва хабари бад ин аст, ки то ҷое мебинем, ҳеҷ асосе барои фикр кардани он ки ин ҳолат ба анҷом мерасад, вуҷуд надорад»,- гуфт вазири муҳити зисти Фаронса Кристоф Бешу.

Ҳамаи департаментҳои Фаронса бинобар хушксолӣ таҳти назорати махсус қарор гирифтаанд, дар 46-тои онҳо сатҳи баландтарини хатар  мавҷуд аст, ки маҳдудияти ҷиддии истифодаи обро дар назар дорад.

Дар 16 шаҳри Италия, аз ҷумла дар Рим, Милан, Флоренсия ва Генуя сатҳи баландтарин — “сурх”-и хатар ҷорӣ шудааст. Ҳарорати ҳаво дар он ҷо аз 40 дараҷа зиёд аст. Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар рӯзҳои истироҳат, ҳатто шабона гармӣ метавонад то 30 дараҷа бошад.

Ҳукуматдорони Голландия аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳарчи бештар обро сарфа кунанд: дар ҳаммом камтар вақт сарф кунанд, мошинҳоро нашӯянд ва ба майсазор об надиҳанд. Чанд рӯз пеш дар ин шоҳигарӣ гурӯҳи зиддибуҳронӣ таъсис ёфт, ки дар сурати зарурат тақсими обро танзим мекунад. Бисёре аз дарёҳои кишвар ба ҳадде камоб шудаанд, ки обкашҳо дигар кор карда наметавонанд.

Сатҳи дарёҳои калон, ба монанди Дунай низ паст шуда истодааст. Дар минтақае, ки сарҳадҳои Булғористон, Руминия ва Сербия ба ҳам наздик мешаванд, регзорҳо ба ҷазирачаҳо табдил ёфта истодаанд. Ҳанӯз охири моҳи июл дар якчанд қитъаҳои дарё ҳаракати киштиҳо манъ карда шуд.

На танҳо дар Аврупо

Иқлимшиносон оқибатҳои ду дараҷа тибқи ҳисоби Селсия баланд шудани ҳарорати миёнаи сайёраро ҳисоб кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин боиси хушксолии фалокатбор хоҳад шуд. Тақрибан 117 миллион нафар бо норасоии об дучор мешаванд, хабар медиҳад Geophysical Research Letters.

Гармшавии глобалӣ гардиши ҷаҳонии бухоршавии об ва боришро тағйир дода, онро шадидтар мекунад. Ин ба тақсимоти оби тоза таъсир мерасонад. Вазъият дар баъзе минтақаҳои хушк беҳтар мешавад, вале дигарон зарар мебинанд.

Олимон ҳисоб кардаанд: Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Шимолӣ, Африқои Ҷанубӣ, ҷануби Аврупо, баҳри Миёназамин, шарқ ва шимолу ғарби Канада, Гренландия, Исландия ва Аляска ҳатто дар сурати ҳамагӣ якуним дараҷа гарм шудани ҳаво норасоии обро эҳсос хоҳанд кард.

Агар ҳарорат боз ним дараҷа баланд шавад, хушксолӣ ба дигар минтақаҳои Осиё, Африқои Шарқӣ ва Ғарбӣ ва Аврупои Марказӣ мегузарад.

СММ конфронс даъват мекунад

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли оянда таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад. Дар ин бора баъд аз тасвиби  қатъномаи СММ дар соли 2020 маълум шуд, ки тибқи он аз 22 то 24 марти соли 2023 дар Ню Йорк Конфронси СММ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» доир мешавад. Ташаббускори ин даҳсола маҳз Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Ҳамин тариқ, конфронси баҳорӣ дар Ню-Йорк аввалин Конфронси СММ дар ин мавзӯъ пас аз Конфронси сатҳи баланд оид ба об дар Мар-дел-Плата (Аргентина) дар соли 1977 хоҳад буд.

Ҳоло Тоҷикистон ва Нидерланд барои гузаронидани ин конфронс омодагӣ мебинанд. Аз ҷумла, моҳи апрели соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд дар назди СММ дар якҷоягӣ бо Департаменти СММ доир ба масоили иҷтимоию иқтисодӣ ва механизми “СММ-Захираҳои обӣ” оид ба Конфронси оби СММ-2023 бо мақсади пешниҳоди маълумот дар бораи корҳои анҷомдода ва нақшаҳои оянда брифинг ташкил  намуданд.

Зимни брифинг ҳамраисони Конфронси обии СММ-2023 Султон Раҳимзода (Тоҷикистон) ва Ҳанк Овинк (Нидерланд) ба ҳозирин оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси соли 2023, аз ҷумла ҳадафу вазифаҳои он, қадамҳои минбаъда ва натиҷаҳои интизорӣ маълумот доданд. Зикр гардид, ки об ҷузъи бунёдии тамоми ҷанбаҳои ҳаёт буда, аз ин лиҳоз Конфронси оби СММ 2023 барои қабули амалҳои мувофиқашуда ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳо оид ба об, ки дар сатҳи байналмилалӣ тасдиқ шудаанд, равона гардидааст.

Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин ба сифати Дабири кулли Конфронси оби СММ дар соли 2023 ва Раиси барномаи СММ дар масъалаи об Гилберт Ҳунгбо низ дар бораи раванди омодагӣ ба чорабинӣ ва интизориҳои худ аз натиҷаҳои конфронс ибрози назар намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ҳамчун ҳамраиси Конфронс, UNDESA ва «СММ-Об» ҳамчун Котиботи конфронс ният доранд Конфронси оби СММ-2023-ро ба нуқтаи гардише табдил диҳанд, ки тамоми ҷаҳонро барои ноил шудан ба ҳадафҳо доир ба об муттаҳид намояд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Euronews/АМИТ «Ховар»

Август 8, 2022 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»