Дар Бадахшон омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон ва Форуми байналмилалии «Помир-Инвест 2022» баррасӣ гардид

Август 12, 2022 15:00

ХОРУҒ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар машварати васеи назди Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаҳо оид ба маъракаи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023», омодагии ВМКБ ба Форуми байналмилалии «Помир-Инвест 2022» ва таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН иттилоъ додааст.

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷараёни омодагӣ ба даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва фаъолияти раисони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рӯшону Шуғнон, Ишкошиму Роштқалъа ва шаҳри Хоруғро таҳлил намуд. Ӯ ҷиҳати сари вақт ва сифатнок иҷро намудани нақшаи даъват дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин ба масъулин супориш дод, ки барои супоридани шаҳодатномаҳои ройгони ронандагӣ ба даъватшавандагоне, ки тибқи нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҳаматарафа мусоидат намоянд.

Вобаста ба масъалаи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2022 -2023 сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Исрор Исрорзода изҳор намуд, ки “ҳоло миқдори зарурии маҳсулоти озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, меваву сабзавот, консерваҳо ва амсоли инҳо дар бозорҳо ва анбору сардхонаҳои ҳудуди вилоят захира гардидааст. Ҳамзамон захираи маводи сӯхт низ идома дошта, шаш дархости муассисаҳои иҷтимоӣ ба миқдори як ҳазору 160 тонна ангиштсанг ба бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ворид гардидааст”.

Ширкати «Помирэнерҷӣ» барои бидуни реҷа таъмин кардани сокинони вилоят бо барқи хушсифат омодагии комил дида, давоми 7 моҳи соли равон 189 адад зеристгоҳ ва зиёда аз 48 километр хатҳои интиқоли барқи 10-киловолта ва 0,4-кв-ро аз таъмир бароварда, дар масофаи 30 километр хатҳои нави интиқоли барқро насбу васл кардааст.

Тибқи иттилои масъулини ширкати «Помирэнерҷӣ», омодагии ширкати мазкур ба фасли сармо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, айни ҳол захираи оби Яшикӯл 146 миллион метри кубиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта даҳ фоиз бештар мебошад. Бар асоси пешгӯии мутахассисон, захираи об дар ин ҳавз то моҳи сентябр дар ҳаҷми то 20 миллион метри мураббаъ афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 162 миллион метри мураббаъ баробар хоҳад шуд. Ва ин омил имкон медиҳад, ки таъминоти аҳолӣ бо барқ дар фасли зимистон беҳтар гардад.

Ҳамчунин дар фасли сармо ширкати «Помирэнерҷӣ» тасмим гирифтааст, ки аз ШСХК «Барқи Тоҷик» аз 14 то 15 мегаватт неруи барқ харидорӣ намуда, сокинони ноҳияи Дарвозу Ванҷ ва Рӯшону Шуғнони поёнро таъмин намояд.

Муовини Раиси ВМКБ Имматшоҳ Имматшоҳзода оид ба ҷараёни омодагиҳо ба Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022» маълумот дода, гуфт, ки “форум бо ҷалби зиёда аз 300 нафар сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар Чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ баргузор мегардад. Он дар се бахш, аз ҷумла ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят, рушди соҳаи саноату энергетика ва тавсеаи соҳаи сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ роҳандозӣ мешавад”.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 12, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд