Дар деҳоти «Чорбоғ»-и шаҳри Истаравшан муассисаи таълимӣ ва маркази хизматрасонӣ бунёд мешаванд

Август 16, 2022 13:38

СУҒД, 16.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти “Чорбоғ”-и шаҳри Истаравшан сохтмони муассисаи таълимӣ ва маркази хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи лоиҳа, иншооти бунёдшаванда аз ду бино иборат буда, дорои 38 синфхона ва зиёда аз 2000 ҷои нишаст аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Ба истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан соли 2022 зиёда аз 100 иншооти сатҳи мухталиф бунёду навсозии куллӣ гардонида, садҳо нафар қувваи қобили меҳнат соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд. Дар робита ба ин Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар деҳоти «Чорбоғ» бо ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ ва маркази хизматрасонӣ шинос шуд.

Иншооти бунёдшаванда аз ду бино иборат буда, дорои 38 синфхона ва зиёда аз 2000 ҷои нишаст мебошад. Ташаббускорон тасмим гирифтаанд, ки то охири соли равон корҳои сохтмониро ба анҷом расонанд.


Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли равон бо иқдоми роҳбарияти ҷамоати деҳот, соҳибкорони маҳаллии деҳаи «Чорбоғ» ва кумитаи падару модарон ба бунёди бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 оғоз бахшида шуд.

Марҳилаи аввали корҳои сохтмонӣ дар маркази хизматрасонӣ, ки аз тарафи хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Илёс» амалӣ гардида истодааст, то моҳи сентябр ба анҷом расида, соли 2023 маҷмаа пурра ба истифода дода мешавад.

Раиси шаҳр ба соҳибкорону саховатмандони деҳа барои иқдоми некашон изҳори сипос намуда, баҳри босифат ва бо риояи қоидаҳои сохтмонӣ ба анҷом расонидани маҷмаа дастурҳо дод.

АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Август 16, 2022 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд