Дар Душанбе Конференсияи панҷуми байналмилалии истифодабарандагони «Макромайн» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 04.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи панҷуми байналмилалии истифодабарандагони «Макромайн» оғоз гардид, ки дар кори он намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Австралия ва Фаронса ширкат доранд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз дошт, ки «конференсияи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 нисбат ба гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираи канданиҳои фоиданок баргузор карда мешавад».
«Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ба истифодаи усулҳои муосире, ки айни ҳол дар ҷаҳон баҳри кашфи конҳо самаранок ба кор бурда мешаванд, дастрасӣ пайдо намояд. Бо ин мақсад дар лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди геология барои солҳои 2021-2030» Барномаи «Макромайн» ворид карда шудааст, ки давоми даҳ сол дар ҷумҳурӣ пурра роҳандозӣ мегардад», — гуфт дар идома Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Барномаи мазкур самти фарох дошта, ба воситаи он, пеш аз ҳама, маълумоте, ки барои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок зарур аст, ба даст меояд. Барнома ба таври автоматӣ ҳамаи захираҳоро ҳисоб карда, баъд дар шакли модели 3 нишон медиҳад, ки ин кори мутахассисонро даҳчанд осон мегардонад. Барнома қудрати нишон додани ҳатто миқдори ками маъданро ҳам дорад. Он корхона ва ширкатҳое, ки ба истихроҷи канданиҳо машғуланд, тариқи ин барнома метавонанд ба таври онлайн, яъне мустақим назорати ҷараёни истихроҷи маъданро ба роҳ монанд.


Директори тиҷоратии «Макромайн» Амбруаз Нанкетт иброз дошт, ки «дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир, инноватсия ва рақамикунонӣ нармафзори «Макромайн» барои истихроҷи маъдан тақозои замон маҳсуб мешавад. Имрӯз ин барнома дар соҳаи геология васеъ истифода бурда шуда, бо вазифаҳо ва имконоти нав барои кашидани тарҳи конҳо, истихроҷи канданиҳои фоиданок, тарҳсозӣ ва банақшагирии геологӣ дар 100 давлати ҷаҳон истифода мегардад».
Дар ҷараёни конфронс мутахассисон иброз доштанд, ки барнома тариқи онлайн фаъолият карда, ҳамарӯза рафти омӯзиши геологиро таҳти назорат мегирад. Агар ба барнома мавод иштибоҳан ворид гардад, он нишон медиҳад, ки мутахассис дар куҷо ба хато роҳ додааст.
Сардори шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои Саридораи геология Собир Бобоев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории конференсияи мазкур- омӯзиши барнома буда, иштирокчиён метавонанд бевосита аз таҷрибаи якдигар огоҳ шаванд.

«Барномаи «Макромайн» дар самти геология муосиртарин ба ҳисоб рафта, кори геологҳоро хеле осон мегардонад ва он мунтазам такмил дода мешавад. Тоҷикистон бо ширкати «Макромайн» соли дуюм аст, ки ҳамкорӣ ба роҳ монда, дар доираи ин ҳамкорӣ якчанд ширкатҳои ватанӣ аз ин барнома истифода мебаранд», — гуфт Собир Бобоев.
Ёдовар мешавем, ки конференсияи мазкур ду рӯз идома ёфта, 5 август анҷом меёбад.
МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:
Ширкати «Макромайн» соли 1986 дар Австралияи ғарбӣ таъсис ёфта, таъминкунандаи барномаҳои замонавӣ барои соҳаи саноати кӯҳӣ мебошад.
«Макромайн» ба геологҳо самти ҳаматарафа баҳодиҳии конро нишон дода, ба интихоби қитъаҳои ояндадор равона мекунад.
«Макромайн» инчунин ба муҳандисони кӯҳӣ барнома, шароити банақшагирӣ ва лоиҳаи коркарди конро фароҳам меоварад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳир САИДОВ (акс),
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид
Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Бо имзои санади ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан таҳким мебахшанд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СҲШ таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳои минералиро муаррифӣ менамояд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид






