Дар Душанбе оид ба идораи самараноки партовҳо ва пластик барои муҳофизати муҳити зист ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар шаҳри Душанбе бо мусоидати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Идораи самараноки партовҳо ва пластик барои муҳофизати муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамоиш дар якҷоягӣ бо Маркази экологии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» ва иштироки шарикони рушд, намояндагони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо доир гашт. Дар он муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Абдулқодир Мавлодод сухан гуфт.
Масъулони сохторҳои кумита бо маърузаву нишон додани рӯнамоҳо оид ба мавзӯъҳои мавриди назар баромад намуданд. Аз ҷониби намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ таҷрибаи ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Гурҷистон оид ба идоракунии партовҳои пластикӣ дар шакли рӯнамо пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.
Дар қисмати дигари ҳамоиш миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, барои иқдоми ҳамгироёна оид ба муомилоти оқилона бо партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ таклифу пешниҳодҳои судманд карда шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






