Дар Душанбе озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар Душанбе озмуни шаҳрии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Озмуни мазкур дар асоси Барномаи рушди ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардида, ҳадаф аз он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Тавре мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Нурмаҳмад Маҳмадуллозода иброз дошт, озмун аз рӯи 6 номина: кандакорӣ-дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ-рассомӣ, кулолгарӣ-аъҷубасозӣ, бофандагӣ ва коркарди металл баргузор мегардад.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон эҳё гардида, босуръат рушд менамоянд. Бо ташаббуси Президенти мамлакат ҳунармандон аз андозҳо озод карда шуда, барои ҳунармандон ва соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок муқаррар гардидаанд.
Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки дар ин муддат бисёр ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, сафи соҳибкорон ва ҳунармандон афзудааст. Тибқи маълумот, то соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7000 нафар ҳунармандон фаъолият намуда, аз имтиёзҳои андозии фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода менамоянд.
Имрӯзҳо бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нави фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ дастранҷи истеҳсолнамудаи ҳунармандони кишвар дар якчанд намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Британияи Кабир, Малайзия, Америка, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Юнон, Олмон, Испания, Белгия, Туркия, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ба намоиш гузошта шуда, харидорони худро пайдо намудаанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад






