Дар Ҳисор сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шурӯъ гардид
ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Ҳисор сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ шурӯъ гардид. Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Бинои мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ бунёд ёфта, масоҳати умумии он 2243 метри мураббаъ буда, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Лоиҳаи бино бо назардошти биноҳои мавҷудаи атроф, амсоли Кохи фарҳанг, осорхонаву китобхонаи марказӣ дар шакли классикӣ таҳия гардида, ошёнаи якум бо истифодаи санги мармар ва ду ошёнаи боқимонда бо истифода аз фибрабитон бо усулҳои меъмории миллӣ, ба монанди арк, сутуну сарсутун ва дигар ороишот бунёд меёбанд. Майдони назди бино ва атроф майсазор гардида, инчунин дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида мешаванд.

Бино аз ҷониби ширкати сохтмонии «Бунёдкор сохтмон», роҳбараш Мироҷиддин Ёров сохта мешавад. Сохтмончиён уҳдадор шудаанд, ки биноро зарфи ду соли оянда- то соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Абдуҷаббор Азизӣ ва Қосим Роҳбар бо намои зоҳирӣ ва тарҳи лоиҳа аз таҳхона то қабати сеюми бино шинос гардида, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани сохтмони иншоот пешниҳоду маслиҳатҳои судманд доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






