Дар Кӯлоб Форуми байналмилалии иқтисодӣ оғоз гардид

Август 27, 2022 11:23

ДУШАНБЕ, 27.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» оғоз гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шубаи иттилооотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Пеш аз оғози кори форум иштирокчиён аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Хатлон дидан намуданд.

Дар форум беш аз 300 нафар, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ аз Чин, Эрон, Узбекистон, Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Туркия, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ширкат доранд.


Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода форумро ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро ба Хатлонзамин хайрамақдам гуфт ва доир ба зарфиятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят ба ҳозирин маълумот дод.


Интизор меравад, ки дар форум ҳамчунин Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, Вазири нақлиёт Азим Иброҳим, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон Мунео Такасака, сармоягузорони хориҷӣ, соҳибкорони ватанӣ ва дигарон доир ба имтиёзҳои давлат барои дастгирии соҳибкорон, рушди тиҷорат, содагардонии ҳуҷҷатҳо, самтҳои афзалиятнок ва судбахши ҳамкории тиҷоратӣ, лоиҳаҳои амалкунанда, натиҷаҳои бадастомада ва дурнамои ҳамкорӣ маълумот манзур намоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Август 27, 2022 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд