Дар Ню-Йорк раванди омодагӣ ба Конфронси байналмилалии Душанбе оид ба мубориза бар зидди терроризм муҳокима гардид

Август 26, 2022 11:29

ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 август вохӯрии намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла раванди тадорукоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз интиқоли террористҳо»-ро, ки 18-19 октябри соли 2022 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА, ИА ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор гардида, он идомаи мантиқии «Раванди Душанбе», ки моҳи майи соли 2019 зимни аввалин конфронси минтақавии Дафтари зиддитеррористии СММ, ки муштаракан бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст, маҳсуб меёбад.

Бояд гуфт, ки конфронс вазирон ва шахсони расмиро аз давлатҳои узви СММ, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот ва дигаронро ҷиҳати табодули назар оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо гирди ҳам хоҳад овард.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан низ дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА, ИА ва дигар шарикони байналмилалӣ ду Конфронси сатҳи баланди байналмилалиро бахшида ба мавзӯи мубориза бо терроризм ва экстремизм дар солҳои 2018 ва 2019 дар шаҳри Душанбе муваффақона баргузор намуд.

Интизор меравад, ки аз натиҷаи конфронс «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» қабул гардад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 19 август сабти номи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро ҷиҳати иштирок дар пӯшиши иттилоотии Конфронси зиддитеррористии Душанбе оғоз кард.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро зарур аст, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии конфронси мазкур ба Раёсати иттилоот ва матбуоти вазорат муроҷиат намуда, маълумоти марбутаро бо тартиби муқарраргардида тариқи почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj (Тел: +992-37-221-43-69; +992-37-221-83-95) то 15 сентябри соли 2022 манзур намоянд.

Ҳамзамон тақозо мегардад, ки иштирокчиёни ҳамоиш дар торнамои расмии конфронс (https://www.dushanbectprocess.org/) то 30 сентябри соли 2022 аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.

Акс: ВКХ ҶТ

Август 26, 2022 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Шуша ҷаласаи 7-уми вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ баргузор гардид
Зарурати тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва иёлоти Ютаи Амрико таъкид шуд
Дар Вена «Устувонаи Куруши Кабир» муаррифӣ гардид
Ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Кантслери Австрия оид ба корҳои хориҷӣ мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ гардид
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули қатъномаи Иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми 10-уми байналмилалии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Барселона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо намояндаи фраксияи CDU/CSU дар Бундестаги Олмон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Созмони ҷаҳонии об (GWO) мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо баррасӣ гардид