Дар Самарқанд Симпозиуми байналмилалии ҳайкалтарошӣ бо иштироки ҳунармандони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Самарқанд бо иштироки ҳунармандони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Симпозиуми байналмилалии ҳайкалтарошӣ оғоз шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Дунё».
Бино ба иттилои Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон, давоми як моҳ ҳайкалтарошони ҳирфаӣ ва устодони соҳаи пластика аз маводи сахт – мармар, металл, санг ва гилбуттаи пухта асарҳо эҷод мекунанд.
Симпозиум аз ҷониби Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар якҷоягӣ бо ҳукумати вилояти Самарқанд дар доираи омодагӣ ба Нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки моҳи сентябр дар Самарқанд доир мешавад, ташкил шудааст.
Дар анҷоми симпозиум асарҳои ҳайкалтарошони кишварҳои СҲШ ба созмондиҳандагон барои насб дар боғҳою гулгаштҳои шаҳр ва ҳамчунин дар ҳудуди “Майдони осорхонаҳо”-и Самарқанд, ки 7 осорхонаро дар бар мегирад, ройгон тақдим карда мешаванд. Ҳамчунин нашри феҳристи ин асарҳо дар назар аст.
Бояд гуфт, ки созмондиҳандагон хоҳиши худро барои табдил додани Симпозиуми байналмилалии ҳайкалтарошӣ ба форуми анъанавӣ ва доимии ходимони санъати кишварҳои узви СҲШ изҳор доштанд.
ДАР АКС: муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки 27 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев кушода шуд. Акс: АМИТ «Ховар»








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






