Дар Тоҷикистон нархи якчанд маҳсулот поён рафтааст
ДУШАНБЕ, 29.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мушоҳидаи нархҳо дар 8 бозори Тоҷикистон нишон дод, ки қимати баъзе маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған ва шакар дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта поён рафтааст. Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (WFP) 25 август арзёбии ахири нархгузорӣ дар Тоҷикистонро нашр кард ва хабар дод, ки қимати ин се маҳсулоти асосӣ аз 1 то 3 дарсад поён рафтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳоло қимати як кило орд дар Душанбе каме беш аз 7 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта се дарсад арзонтар аст. Дар аксари бозорҳои ноҳияҳо нархи як кило орд каме беш аз 6 сомонӣ аст. Нархи 5 литр равған, ки чанд ҳафта пеш 160 сомонӣ буд, ҳоло то 140 сомонӣ поён рафтааст. Сабаби коҳиш ёфтани нархҳо мавсими ҳосилғундорӣ ва афзоиши воридоти маҳсулоти ғизоӣ арзёбӣ мешавад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ба Тоҷикистон вобаста ба стратегияҳои рушди миллӣ кумак расонида, бахусус ба татбиқи Барномаи ислоҳоти аграрӣ тамаркуз мекунад.
Аз ҷумла, татбиқи «Барномаи ислоҳоти аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2012-2020 дар роҳи ҳалли мушкилоти камҳосилии кишоварзӣ дар Тоҷикистон қадами муҳим гардид. Ба таҳкими иқтидори таҳлилӣ ва техникӣ ҷиҳати баррасӣ ва ташаккули сиёсати миллӣ оид ба амнияти озуқаворӣ, ғизо ва кишоварзӣ мусоидат карда шуд. Барои мусоидат ба татбиқи босамари ин сиёсат кӯшишҳо инчунин ба фароҳам овардани муҳити мусоиди институтсионалӣ равона карда шуданд.
Илова бар ин, деҳқонон, корхонаҳои коркардкунанда ва муассисаҳои давлатӣ барои пешбурди занҷираҳои фарогир, самаранок ва устувори арзиши афзуда дар соҳаи кишоварзӣ, ки масоили ғизоро дар бар мегиранд, дастгирии техникӣ ва идоракунӣ ёфтанд.
Ҳукумати Тоҷикистон «баланд бардоштани бехатарии озуқавории миллӣ ва амнияти ғизо»-ро яке аз бахшҳои авлавиятноки ин барнома муайян кардааст, гуфта мешавад дар сомонаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои СММ доир шуд






