ЭЛЕКТРОМОБИЛҲО ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи мазкур мавриди таҳлил қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар кӯчаву роҳҳои ҷаҳон беш аз як миллиард нақлиёти мусофирбар мавҷуд буда, то соли 2040 ин рақам метавонад тақрибан ду баробар афзоиш ёбад. Ин дар ҳолест, ки нақлиёти автомобилӣ чаҳоряки тамоми партовҳои газҳои гулхонаиро ташкил дода, ба ҳавои атмосфера ва тағйирёбии иқлим таъсир мегузорад. Дар робита ба ин Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш дар Конфронси иқлим дар Катовитсе ҷомеаи ҷаҳонро даъват намуд, ки ба нақлиёти барқӣ гузаранд.
Тибқи маълумоти Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд, то соли 2030 дар кӯчаҳои шаҳру маҳаллаҳо 20 миллион мошини дорои муҳаррикҳое, ки на бо сӯзишворӣ ё дизел, балки бо батареяҳои барқӣ ҳаракат мекунанд, боқӣ хоҳад монд. Барои муқоиса, имрӯз шумораи чунин воситаи нақлиёт беш аз 5 млн ададро ташкил медиҳад.
Зимни суханронӣ дар ҳамоиш бахшида ба рушди нақлиёти барқӣ Антониу Гутерриш ёдовар шуд, ки дар Созишномаи Париж давлатҳои тамоми ҷаҳон ваъда додаанд, ки гармшавии глобалиро дар муқоиса бо давраи пеш аз саноатӣ дар ҳудуди 2 дараҷа ва дар сурати имконпазир то 1,5 дараҷа нигоҳ медоранд. Барои ин фавран кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ зарур аст.
Ба андешаи коршиносони соња электрификатсия ё гузариши нақлиёт ба истифодаи барқ унсури асосии беҳтар намудани вазъи экологии нақлиёти шаҳр буда, барои кам шудани партовҳои газҳои зарарноки гулхонаӣ дар шаҳрҳо замина мегузорад.
«Бештари кишварҳо ва минтақаҳо дар бораи нақшаҳои тадриҷан даст кашидан аз мошинҳои сӯзишвории истихроҷшаванда ва гузаштан ба мошинҳои барқӣ гузориш медиҳанд. Дигар давлатҳо барои зиёд кардани ҳаҷм ё ҳиссаи нақлиёти барқӣ то солҳои 2020-2030 ҳадафҳои мушаххас гузоштаанд», — изҳор доштааст Антониу Гуттериш.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари ташаббускори масоили обу иқлим ва узви фаъоли СММ яке аз ҳадафҳои таҳияи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»-ро маҳз дар гузариш ба нақлиёти барқӣ ва саҳм гузоштан дар пешгирии тағйирёбии иқлим арзёбӣ менамояд.
Тафсилоти бештар вобаста ба аҳамияти истифодаи электромобилҳо ё нақлиёти бо барқ ҳаракаткунанда дар кам кардани хориҷшавии газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»–и радиои «Ховар» бо иштироки мутахассиси пешбари Раёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқҷон Нуралихонзода дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода ва коргардон Сӯҳроби Нуриддин пешниҳоди шунавандагон мегарданд.