Форуми байналмилалии «Помиринвест -2022» зарфияти сайёҳии Бадахшонро муаррифӣ менамояд

Август 18, 2022 10:10

ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муаррифии зарфияти сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар панели сеюми Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест -2022», ки ҳадафаш ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Бадахшон, тарғиби имконияти сармоягузории ин минтақа ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад, масъалаҳои имконоти рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа баррасӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва созмону ташкилоти миллию байналмилалӣ иштирок доранд.

Мавриди зикр аст , ки Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ буда, бо табиати зебову нотакрор, рӯду кӯлҳо, қуллаҳои баланд дар ҷаҳон шӯҳрат дорад.

Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мавҷудияти мавзеъҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, чашмаҳои шифобахши Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир мусоидат менамоянд.

Бо мақсади мусоидат дар пешбурди фаъолияти сайёҳӣ ва таъмини рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии вилоят бо тартиби муқарраргардида то имрӯз ба 49 субъекти хоҷагидори вилоят иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шудааст, ки фаъолиятро пеш бурда истодаанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя аз Бонки ҷаҳонӣ Қалъаи «Ямчун» дар Бадахшон бозсозӣ шуда, ба сатҳи байналмилалӣ расонида мешавад.

Дар самти татбиқи сиёсати давлатии сайёҳӣ дар қаламрави вилоят ҳамасола якчанд чорабиниҳо, аз қабили Фестивали сайёҳию фарҳангии «Боми ҷаҳон», мусобиқаи қаиқронии «Regatta in Roof of the World», Форуми тиҷоратии “Помиринвест” баргузор ва имконоти сайёҳӣ бо мақсади ҷалби сармоя ба дӯстдорони сайру саёҳат муаррифӣ карда мешаванд.

Бадахшон барои сайёҳон ҳамчун минтақаи саёҳати экологӣ муаррифӣ гардидааст. Аз ҷумла, соли 2017 тибқи назарсанҷиҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бори cеюм кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба рӯйхати «100 манзараи беҳтарини сайёҳӣ» дохил карда шуданд.

Соли 2013 Парки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки муаррифи Тоҷикистон ба ҷаҳониён оид ба рушди сайёҳии экологӣ ва дарҳои кушод ба сайёҳии хориҷӣ мебошад.

Маводи иттилоотии Кумитаи рушди сайёҳӣ низ маконҳои тамошобоби минтақаро фаро гирифта, дар байни дӯстдорони сайру саёҳат ба тариқи ройгон паҳн мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят ба кишвар ворид шуда, ба намудҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва экскурсионӣ машғул мешаванд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Август 18, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» ба шаҳри Истаравшан омад
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид