Иброҳим Мирзозода аз нав Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мувофиқа бо Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Иброҳим Мирзозода аз нав ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе пешбарӣ гардида, аз ҷониби аъзои кумита ҷонибдорӣ ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Имрӯз, 11 август, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Конференсияи XX ҳисоботӣ — интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар пойтахт баргузор гардид.
Дар он муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси Комиссияи тафтишотии ташкилоти ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шукрулло Хайрзода, Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода ва роҳбарони якчанд вазорату идораҳо, кумитаҳо, муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар, ки ба ҳайси вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳудуди пойтахт интихоб шудаанд, ширкат варзиданд.
Ҳамзамон дар конференсия раисони шӯроҳои собиқадорони шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявии ҳизб, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе, кормандони масъули сохторҳои ҳизбии пойтахт ва намояндагони ВАО ҳузур доштанд.
Нахуст ҳисоботи Иброҳим Мирзозода дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ҳизб дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.
Гуфта шуд, ки давраи ҳисоботӣ барои ташкилоти ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва аъзои он давраи пурмасъулу хотирмон буд, зеро дар ин марҳила мардуми кишвар, махсусан сокинони шаҳри Душанбе дар фазои суботи сартосарӣ, рӯҳияи созандагӣ, саҳмгузорӣ дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ чорабиниҳои муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатиро бо фарҳанги баланди сиёсӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандӣ таҷлил намуданд.
Тавре аз ҳисоботи кумита бармеояд, дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо харҷи умумии 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ майдончаи варзишӣ, бозии кӯдакона ва истироҳати калонсолон, воқеъ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсиро бо тарҳи муосир бунёд ва мавриди истифода қарор дод.
Инчунин дар доираи Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри гулрез табдил додани пойтахт, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ва сабзазоркунии пойтахт ҳар ҳафта аз ҷониби сохторҳои ҳизб дар Душанбе шанбегиву ҳашарҳои дастаҷамъӣ доир гардида, дар доираи онҳо 46 828 ниҳоли ороишиву сояафкан ва 71 246 гули ороишиву мавсимӣ шинонида шуданд.
Раиси кумита иброз дошт, ки тибқи маълумоти оморӣ, айни ҳол сафи аъзои ҳизб дар шаҳри Душанбе 77 612 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 228 нафар афзоиш ёфтааст. Аз ин теъдод 37 037 нафар ё 47,72%-ро занон ва 30 284 нафар ё 39%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар ин радиф, тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Душанбе 927 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият доранд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи ҳисоботии қаблӣ 54 адад зиёд аст.
Аз рӯйи масъалаи дуюми Конференсия Раиси Комиссияи тафтишотии ташкилоти ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шукрулло Хайрзода оид ба фаъолияти комиссия ҳисобот дод.
Дар музокира муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Салимзода, вакил аз ноҳияи Шоҳмансур Икром Субҳонзода ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Насим Ҳомидзода фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Дар идома муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода атрофи фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ, корҳои дохилиҳизбӣ, риояи ҳатмии Оиннома ва татбиқи Барномаи ҳизб, сари вақт супоридани ҳаққи узвият, қабули шахсони арзанда ба сафи ҳизб, ҷоннок намудани корҳо дар сатҳи маҳаллаҳо бо қишрҳои осебпазири ҷомеа, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби аъзои нав ба сафи ҳизб, таъсиси ташкилоти нави ибтидоӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ суханронӣ намуда, дар маҷмӯъ, фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизбро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ кард.
Ҳамзамон Асрор Латифзода аз масъулин ва ҳизбиёни пойтахт тақозо кард, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро ҷоннок намуда, баҳри саҳм гузоштан дар ин ҷашни муборак тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Вакилони конференсия инчунин аъзои нави Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро иборат аз 71 нафар ва аъзои Комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо иборат аз 7 нафар интихоб карданд.
Дар ин миён раиси Кумита Иброҳим Мирзозода дар мувофиқа бо Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ номзадии Олимов Шаҳриёрро ба вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Мароми пойтахт»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе пешбарӣ намуд, ки аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ ёфт.
Ҳамин тариқ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Пас аз анҷоми конференсия маҷлиси нахустини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо иштироки аъзои нав баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаҳои интихоби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи масъалаи якуми рӯзнома, аъзои нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иборат аз 21 нафар интихоб гардиданд.
Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода дар мувофиқа бо Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Иброҳим Мирзозодаро аз нав ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пешбарӣ намуд, ки аз ҷониби аъзои кумита ҷонибдорӣ ёфт.
АКС: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе