ИМРӮЗ — РӮЗИ РОҲИОҲАНЧИЁНИ ТОҶИК. Баъди таваққуфи дусола моҳҳои август-сентябр Тоҷикистон ҳаракати қатораҳои мусофирбарро ба роҳ мемонад

Август 17, 2022 10:18

ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 августи соли 1994 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Иди касбии роҳиоҳанчиёни тоҷик имсол ба даврае рост омад, ки баъди таваққуфи дусола дар иртибот ба пандемияи COVID-19 дар самти мусофирбарии байналмилалӣ Тоҷикистон дар масири Душанбе-Волгоград-Душанбе, Хуҷанд –Волгоград –Хуҷанд ва Кӯлоб –Волгоград-Кӯлоб ҳаракати қатораҳои мусофирбарро моҳҳои август ва сентябр ба роҳ мемонад.

Қаблан моҳи июн ҳаракати қатораҳои мусофирбар дар масири Душанбе-Тошканд-Душанбе барқарор гардид.

Имрӯз, 17 август роҳиоҳанчиёни тоҷик иди касбии худро таҷлил менамоянд.


Соли равон тавассути нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон беш аз 2,7 миллион тонна бор бо гардиши 120,4 миллион тонна-км ва 215,1 ҳазор мусофир бо гардиши 10 миллион мусофир –км интиқол дода шуд, ки тибқи ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ беш аз 102 фоиз, гардиши бор 102,4 фоиз, мусофирбарӣ 100,7 фоиз ва гардиши мусофирон 101 фоизро ташкил медиҳад.

Аввалин роҳи оҳан дар ҳудуди Тоҷикистон соли 1897 сохта шуда буд, ки Хуҷандро бо шабакаи роҳи оҳани империяи Русия пайваст менамуд.


Санаи таъсиси роҳи оҳани Тоҷикистон соли 1929 мебошад, зеро дар ин сол сохтмони хатти роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе ба анҷом расид. Худи ҳамон сол ба стансияи Душанбе аввалин поезди коргарӣ ва баъдан аввалин поезди мусофирбарӣ омад. Соли 1938 сохтмони шохаи дигар: Конибодом — Шӯроб анҷом ёфт.

Дар рӯзи таҷлили иди касбии роҳиоҳанчиёни тоҷик дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ изҳор намуд, ки «Роҳи оҳани Тоҷикистон гарчанде таърихи тӯлонӣ дорад, вале дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллии Тоҷикистон рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардид. Ин аст, ки бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он тайи солҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, сохтмони роҳҳои оҳани дохилӣ ва минтақавӣ тарҳҳои бузург амалӣ гардиданд».

Комил Мирзоалӣ афзуд, ки сохтмони роҳи оҳани Бохтар -Кӯлоб соли 1999 бо тӯли 132 километр, ки дар ин масир иншооти сунъӣ, 5 пули калон ва 7 истгоҳу вокзал бунёд гардидаанд, инчунин сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Бохтар-Кӯлоб, қитъаи Ваҳдат-Ёвон бо масофаи 40,7 километр шаҳодати ин гуфтаҳоянд.


Сардори идораи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зикр намуд, ки дар доираи сохтмони ин роҳи оҳан 3 нақб ба масофаи 3643 метр, 8 пул бо тӯли 683,2 метр ба истифода дода шуданд. Қитъаи роҳи оҳани сохташуда барои иқтисоди миллӣ муҳим буда, робитаи мустақиму устувори нақлиётиро миёни марказ ва ҷануби мамлакат ба вуҷуд овард ва ба авҷи сохтмони корхонаҳои азими саноатию истеҳсолӣ дар кишвар ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии мамлакат мусоидат намуд. Ба ҳам пайвастани қитъаҳои марказию ҷанубии роҳи оҳан ба содиркунандагони молу маҳсулоти ватанӣ имкон фароҳам овард, ки бо хароҷоти кам ва масофаи нисбатан наздик борҳоро интиқол диҳанд. Дар ояндаи начандон дур ин қитъаи роҳи оҳан ҳамчун ҷузъи роҳи транзитӣ барои интиқоли борҳо тавассути қаламрави Тоҷикистон ва баромадан ба кишварҳои сеюм истифода мешавад. Сардори «Роҳи оҳани Тоҷикистон» афзуд, ки дар доираи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» барои тақвияти иқтидори техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 769 вагони боркаш, 168 вагони мусофирбар, 2 вагон-тарабхона, инчунин 7 тепловоз ва 1 дизел-поезди мусофирбар харид ва дастрас гардиданд, ки дар боркашонӣ ва мусофирбарии байналмилалӣ фаъолият доранд. Дарозии умумии роҳҳои оҳан дар кишвар қариб 978 километрро ташкил медиҳад.

Дар даврони истиқлолият аввалин бор қатораҳои мусофирбари байналмилалӣ дар масири Кӯлоб-Москва-Кӯлоб, Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб ва Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ба фаъолият шурӯъ намуданд. Инчунин 34 истгоҳу 4 вокзали роҳи оҳан, аз ҷумла бинои замонавии истгоҳҳои «Хонақоҳ», «Истиқлол», «Хуҷанд», «Ёвар», «Маҳрам», «Кӯлоб», «Спитамен», «Айнӣ», «Сангтӯда», «Ҷалолиддини Балхӣ», «Бостон» ва «Баҳор» сохта, бинои истгоҳҳои роҳи оҳани «Қайроққум», «Регар», «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Данғара», «Ҳулбук», «Исфара», «Конибодом», «Шаҳритус» ва «Хушодӣ» таҷдид ва бозсозӣ гардиданд. Ба фаъолият шурӯъ кардани нухустин корхонаи истеҳсоли шпалаҳои оҳану бетонӣ дар шаҳри Левакант ва аввалин корхонаи вагонтаъмиркунии «Маҳрам» дастоварди замони истиқлолияти кишвар мебошанд.

Инчунин дар доираи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён-Қундуз пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади осон намудани кори соҳибкорон, хотима додан ба саргардонӣ ва хароҷоти зиёди мусофирони вилояти Хатлон ва сабук намудани роҳҳои мошингард аз мошинҳои калонҳаҷм ва инчунин барқарор намудани ҷойҳои корӣ соли 2018 хатти роҳи оҳани Бохтар-Тирмиз, нуқтаи гузариши байнидавлатии Амузанг барқарор гардид.


Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ мегӯяд, ки роҳбарияти корхона бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ масъалаи таҷдиди назари тарифҳои боркашониро барои содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода, барои пешниҳоди тахфифҳо бо кишварҳои дуру наздик тадбирҳои зарурӣ андешид.

Тибқи супориши Ҳукумати мамлакат КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои афзоиши ҳаҷми боркашонӣ мунтазам сабукиҳо пешниҳод менамояд. Аз ҷумла, барои содироти маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз вилояти Хатлон 90 фоиз, алюминий 60 фоиз, гилхок 10 фоиз, барои кашонидани семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Амузанг бо нимвагон 50 фоиз ва бо вагони болопӯш 40 фоиз, барои содироти ҳама намуди бор аз ҳамаи истгоҳҳои минтақаи Суғд ба самти истгоҳи Истиқлол 20 фоиз, аз истгоҳи Хуҷанд ба самти истгоҳи Бекобод 30 фоиз, аз истгоҳҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов ба самти истгоҳи Бекобод 40 фоиз, аз истгоҳи шаҳри Исфара то истгоҳи Бекобод барои содироти меваи хушк 30 фоиз, барои содироти орд тавассути нақлиёти роҳи оҳан 50 фоиз сабукиҳо ироа шудаанд.

«Бо назардошти нақшаҳои стратегии рушди корхона масъалаи омода намудани мутахассисони ҷавон дар мадди аввал гузошта шуда, яке аз омилҳои муҳими омода намудани онҳо сармоягузорӣ ба таҳсили донишҷӯёни ин соҳа мебошад. Бо ин мақсад дар корхона Барномаи омодасозии кадрҳои ҷавон таҳия гардид. Дар асоси он донишҷӯён дар макотиби олии тахассусии Русия ва Украина таҳсил намуда, хароҷоти таҳсил аз ҳисоби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пардохт мегардад. Ҳамзамон роҳбарияти роҳи оҳани Тоҷикистон ба масъалаи истироҳату фароғати роҳиоҳанчиён таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар назди роҳи оҳан истироҳатгоҳҳо фаъолият доранд, ки онҳо дар мавзеъҳои хушманзара ва хушобу ҳавои кишварамон ҷойгиранд», мегӯяд сардори «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ.

Истироҳатгоҳи «Роҳиоҳанчиён», воқеъ дар дараи Ромит, Хонаи истироҳатии «Шаҳристон», ки дар домони ағбаи Шаҳристон, дар баландии беш аз ду ҳазор метр аз сатҳи баҳр, дар байни теппаҳои кӯҳ ҷойгир шудаанд, шаҳодати ин гуфтаҳоянд.

Инчунин кормандони роҳи оҳан имкон доранд дар соҳили Баҳри тоҷик истироҳат намоянд.

Хонаи истироҳатии «Сарбанд» мавзеи дигари истироҳатии тобистонаи кормандони роҳи оҳан аст, ки дар ҷануби Тоҷикистон, дар соҳили рӯди Вахш воқеъ буда, на танҳо барои барқарорсозии неруи корӣ, инчунин барои шикор низ созгор мебошад.

Роҳи оҳани Тоҷикистон қариб ягона корхонаест, ки беморхонаи соҳавӣ дорад. Дар он роҳиоҳанчиён ва аҳли байти онҳо ба таври ройгон табобат мегиранд. Барои кормандони роҳи оҳан дар наздикии вокзал ва дигар корхонаҳои роҳ се бинои 9-ошёна ва 10-ошёна ба истифода дода шудаанд. Кормандони роҳи оҳан имкони таълими ройгони фарзандонашонро дар муассисаҳои томактабӣ низ дошта, инчунин онҳо дар таътили тобистона дар беҳтарин лагерҳои ҷумҳурӣ истироҳат менамоянд.

Роҳи оҳани Тоҷикистон муассисаҳои таълимии кӯдакона ва мактаб-интернатҳои вобасташуда, хонаи пиронсолон, маъюбону ниёзмандонро дастгирӣ намуда, ба онҳо кумакҳои моддӣ ва молиявӣ мерасонад. Он ҳамчун корхонаи азими давлатӣ ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳуриро дастгирӣ намуда, дар бунёди НБО «Роғун» ҳиссаи сазовори молиявӣ гузошта, яке аз саҳмдорони бузург мебошад.

«Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар доираи раванди корҳои бунёдкорӣ дар кишвар ва таҷдиду нигоҳдории пулҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»- 5 пул воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, кӯчаи Аҳмади Дониш, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, пули Автовокзал ва пули шаҳраки 103, кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломов ва гузаргоҳҳои роҳи оҳанро ба маблағи 8,5 миллион сомонӣ ба таври замонавӣ таҷдиду навсозӣ намуд. Инчунин бо назардошти таҷриба дар навсозии пулҳо дар таҷдиди пули мошингузар, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар болои дарёи Душанбе мусоидат менамояд. Саҳми «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ободу зебо гардонидани гулгашти қисмати ғарбии хиёбони Рӯдакӣ, боғи ба номи Аҳмади Дониш ва гулгашти назди вокзали роҳи оҳани Душанбе, ки бо тарҳи зебою муосир бунёд ва ба истифода дода шуданд, калон аст.


Дар анҷоми суҳбат Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ гуфт, ки «раванди рушди иқтисодиёти миллӣ аз мо – роҳиоҳанчиён дидгоҳи нав, масъулияти баланд ва аз ҳама муҳим, иҷрои сарбаландонаи рисолати касбӣ, рушду тавсеа ва таҷдиди парки техникии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро талаб менамояд. Мо дар самти дурнамои рушди соҳаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» амалӣ намудани тарҳҳои бузурги бунёдкориро тарҳрезӣ намудаем ва умед аст, ки бо саъю талош, меҳнати софдилонаю аҳлонаи роҳиоҳанчиёни тоҷик ва дастгириҳои пайвастаи ҳукумати мамлакат аз уҳдаи иҷрои рисолат ва вазифаҳои дар наздамон гузошта сарбаландона мебароем».

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» /КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

 

P.S. Ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» кулли роҳиоҳанчиёни тоҷикро бо иди касбӣ табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва комёбӣ таманно дорад.

Август 17, 2022 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад