МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бо сокинону истироҳаткунандагони соҳили дарёи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд

Август 11, 2022 08:51

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои дахлдори тобеи он ва масъулини шуъбаи  ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Варзоб бо сокинон ва истироҳаткунандагони ин минтақа  корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронида шуданд, иттилоъ доданд  ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати мамлакат.

Мулоқоту суҳбатҳои мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи мазкур оид ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир шуданд.

Маълум аст, ки дар фасли тобистон бештар  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вақти таҳсили тобистонаи худро дар истироҳатгоҳҳои ноҳияи Варзоб сипарӣ менамоянд. Ҳамчунин сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе баҳри фароғат дар гармои тобистон ба истироҳатгоҳҳои ноҳияи мазкур  мераванд.

Дар вақти гузаронидани суҳбат ба сокиноне, ки дар наздикии дарёи Варзоб зиндагӣ мекунанд, масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани оби дарёи Варзоб, ки қисми зиёди сокинони пойтахт аз он  истифода менамоянд, фаҳмонида шуд.

Мақсади асосии баргузор намудани корҳои тарғиботӣ- фаҳмонидан ва аз ҷониби нозирони соҳавӣ пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ дар самти истифодаю ҳифзи манбаъҳои обӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, хусусан истироҳаткунандагон ва сокинонест, ки дар ду тарафи соҳили дарё зиндагӣ менамоянд.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 11, 2022 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад