Модели динамикии мувозинати умумии макроиқтисодӣ барои иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. 9 август дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯнамоии модели динамикии мувозинати умумии макроиқтисодӣ барои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ва баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.
Дар рӯнамоӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, сардори шуъбаи демография ва рушди Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNFPA) Зоиршоҳ Шарипов, коршиноси байналмилалӣ Петер Довчиак ва кормандони вазорат иштирок доштанд.
Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо З. Завқизода зикр намуд, ки дар доираи лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон» бо мақсади баланд бардоштани иқтидор ва неруи кадрии кормандони вазорат дар самти таҳияи босифат ва дақиқи дурнамо, такмили механизмҳои мавҷуда ва истифодаи моделҳои нав ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва омӯзиши барномаҳои мукаммали компютерӣ барои таҳияи моделсозӣ, ба монанди Stata ва Eviews бо ҷалби коршиносони хориҷӣ курсҳои кӯтоҳмуддат гузаронида шуданд.
Ҷиҳати таҳияи модели динамикии мувозинати умумии макроиқтисодӣ барои таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиноси байналмилалӣ Петер Довчиак ҷалб карда шудааст.
Сипас коршиноси байналмилалӣ Петер Доучак рӯнамои модели динамикии мувозинати умумии макроиқтисодӣ барои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Завқӣ Завқизода иброз дошт, ки «модели динамикии мувозинати умумии макроиқтисодӣ тамоми самтҳои иқтисоди ҷумҳуриро фаро гирифта, имконият медиҳад таҳлили ҳамаҷониба ва амиқи равандҳои дар иқтисодиёт рухдода, аз ҷумла таъсири сиёсати андозбандӣ ва танзими нарх ба иқтисоди миллӣ, алоқамандии иқтисодиёт ва динамикаи нишондиҳандаҳои асосии бахши воқеӣ, хонавода, тавозуни пардохт, буҷети давлатӣ, танзими даромаду хароҷот, омори демографӣ, бахусус шумораи аҳолӣ ва қувваи корӣ гузаронида шуда, дурнамои нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар давраи миёнамуҳлат (1-3 сол) ва дарозмуддат (аз 3 сол зиёд) тасвир ва пешбинӣ карда шавад».
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд






