ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

Август 14, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 14.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Август 14, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад