ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Истаравшан ҷаласаи ситоди шаҳрӣ гузаронида шуд

Август 21, 2022 11:58

СУҒД, 21.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки роҳбарияти шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр, роҳбарияти шуъбаи ВКД, намояндагони соҳаи тандурустӣ, маориф, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Шӯрои собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони масъул ҷаласаи васеи ситоди шаҳрӣ оид ба омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар ҷаласа иброз дошт, ки «мавсими даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ яке аз маъракаҳои муҳими сиёсию ташкилӣ буда, барои сари вақт иҷро кардани нақшаи пешбинишуда, ҷалби ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани онҳо ҳар яки мо масъулем».

Зикр шуд, ки ҳамаи масъулинро зарур аст бо истифода аз имконияти мавҷудаи шаҳр барои сари вақт ва босифат иҷро кардани нақшаи даъвати наваскарон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид менамоянд, ки «тайи солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор нафар ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намуда, борҳо собит сохтаанд, ки барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа сарбаландона хизмат карда метавонанд».

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Август 21, 2022 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст