«ПОМИРИНВЕСТ-2022». Тавассути баргузории форуми мазкур ба рушди иқтисоди Бадахшон сармоя ҷалб мегардад

Август 1, 2022 15:19

ДУШАНБЕ 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи август дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022» баргузор мегардад, ки ҳадафи он  ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи баландкӯҳи кишвар ва муаррифии имконияти сармоягузории Бадахшон ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саъдӣ Қодирзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, «Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022» анъанавӣ буда, ҳамасола бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари  сармояи хориҷӣ ба Бадахшон гузаронида  мешавад. Дар он соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи  кишвар иштирок менамоянд».

Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022» аз бахшҳои гуногун, назири саноат, энергетика, сайёҳӣ иборат буда, интизор меравад иштирокдорони он роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди Бадахшонро баррасӣ намоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2022 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид