Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнати ноҳияи Спитаменро аёдат намуд

Август 31, 2022 16:03

СУҒД, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо кумаки моддӣ расонид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадори соҳаи кишоварзӣ, дорандаи ордени Шараф Ҳайдарҷон Неъматҷонов ва собиқадори соҳаи маориф Турсунбой Эргашев хабар гирифта, ба онҳо саломатӣ ва хушиҳои рӯзгор таманно намуд.

Роҳбарияти вилоят дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам собиқадорони меҳнатро дастгирӣ менамояд.

Зимни сафар ба ноҳияи Спитамен Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ «Спитамен-текстайлз» ва ҶДММ «Ганҷи ҳилол» шинос шуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот супориш дод.

Иттилоъ дода шуд, ки  дар ҶДММ «Спитамен-текстайлз» ришта истеҳсол шуда, аз ашёи хоми ватанӣ маҳсулот тайёр ва ба кишварҳои Туркия, Олмон ва Лаҳистон содирот карда мешавад. Корхона имкон дорад дар як моҳ 120 тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Дар айни замон 80 нафар дар ин корхона соҳиби ҷойи коранд.

Дар ҶДММ «Ганҷи ҳилол» истеҳсоли равған ба роҳ монда шуда, маҳсулот ба бозорҳои вилоят пешниҳод мегардад. Раиси вилоят барои захира намудани ашёи хом ва беҳтар намудани вазъи кунунии корхона ба масъулин супоришҳо дод.

Дар идомаи сафар Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон дар хоҷагии деҳқонии «Оқтеппа» аз майдони ҷуворимакка, ки кишти такрорӣ мебошад, боздид карда, бо нашъунамои пахта шинос гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 31, 2022 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст