Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бо мақсади шиносоӣ бо рушди инфрасохтор ба водии Бартанги Рӯшон сафари корӣ намуд

Август 8, 2022 13:49

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва расидан ба мушкилоти мардум Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшон сафари корӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Раиси вилоятро дар ин сафар сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят Шариф Назарзода, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амниятии миллӣ дар ВМКБ Абдусамад Салимзода, роҳбарони раёсатҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон, кишоварзӣ ва ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят ҳамроҳӣ намуда, бо сокинони водӣ мулоқот доир намуданд.

Хусусан дар Ҷамоати деҳоти Басид Раиси вилоят аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар ВМКБ, таъмину таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, оғози нави марҳилаи созандагиҳо, бунёди иншооти таъйиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои волои миллӣ, рушд ва тараққиёти водии Бартанг, таърих ва гузаштаи пурғановати ин минтақа ёдрас гардида, дар ин замина таъкид дошт, ки водии Бартанг яке аз мавзеъҳои беҳтарин барои саёҳат ба шумор рафта, бо муҳайё сохтани инфрасохтори замонавӣ, ин соҳа метавонад ба манбаи асосии даромади сокинони он табдил ёбад.

Гуфта шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат дар ин мавзеъ соҳибкорӣ рушд намуда, коргоҳҳои дуредгарӣ, дӯзандагию бофандагӣ, коркарди чӯбу пашм ва ғайра ба фаъолият оғоз намуданд ва инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ низ бамаротиб тараққӣ кард. Аз ҷумла, қариб 90 фоизи муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳоти водӣ бунёду таҷдид гардида, беморхонаи нав ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта ва муассисаҳои дигари соҳа аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

Дар панҷ соли охир барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва таҷдиди инфрасохтори гуногуни минтақа, аз ҷумла Ҷамоати деҳоти Басид 6 миллиону 163,6 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуд, ки ба боло рафтани сатҳи некӯаҳолии сокинони он мусоидат намуд.

Зикр шуд, ки бо ҷалби мутахассисони варзидаи роҳсозӣ лоиҳаи камхарҷу самарабахш таҳия ва дар баъзе мавзеъҳо имкон аст роҳро қад-қади дарёи Бартанг сохта, аз ин ҳисоб роҳ бехатар, соҳил мустаҳкам гардида, заминҳои нав ба вуҷуд оварда шаванд. Ҳоло дар ин водӣ бунёди неругоҳҳои нави обии барқӣ дар назар дошта шудааст, зеро ҳаҷми оби рӯдхонаҳои водӣ дар ҳамаи фаслҳои сол ба ин кор имконият медиҳад. Дар баробари ин Бартанг дорои табиати бой буда, дар он ашёи хом барои масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, мармару санги хорои рангоранг хеле зиёданд ва барои коркарди саноатии онҳо тадбирҳо андешида мешаванд.

Алишер Мирзонабот бобати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, бунёди канлҳои нав, рушди сабзавоткорӣ ва чорводорӣ, соҳаҳои парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ изҳори андеша карда, сокинони диёрро барои дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ боз ҳам беҳтар заҳмат кашидан даъват намуд.

Акс: МИҲД ВМКБ

Август 8, 2022 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»