РОҲИ САФЕД! Баъд аз ду соли таваққуф аввалин қатора аз Тоҷикистон ба самти Русия ҳаракат кард
ДУШАНБЕ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Иртиботи роҳи оҳан миёни Русия ва Тоҷикистон, ки ду сол қабл бар асари пандемия қатъ шуда буд, барқарор гардид. Аввалин қатораи мусофирбар аз Кӯлоб ба Волгоград имрӯз, 16 август, соати 00:10 ба вақти Душанбе ҳаракат кард ва рӯзи ҷумъа, 19 август ба шаҳри Волгогради Русия мерасад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар нақша буд, ки иртиботи роҳи оҳани Тоҷикистону Русия, ки аз 17 марти соли 2020 қатъ гардида буд, аз 30 август барқарор гардад. Бояд аз Душанбе ва Хуҷанд қатораҳо ба Волгоград ҳаракат мекарданд. Баъдан ширкати холдингии «Роҳи оҳани Русия» эълон кард, ки ҳамлу нақли мусофирбарӣ миёни кишварҳо ду ҳафта пеш оғоз мешавад ва масири қаблан эълоннашудаи Кӯлоб-Волгоград аввалин шуда роҳандозӣ гардид.
Аз маъмурияти вокзали Душанбе иттилоъ доданд, ки тамоми чиптаҳои қатораи аввал дар масири Кӯлоб –Волгоград-Кӯлоб (беш аз 600 адад) фурӯхта шудаанд. Нархи роҳкиро 1 ҳазору 410 сомонӣ (ҳудуди 140 доллар) аст: «27 август ва 7 сентябр ду қатораи дигари мусофирбар аз Душанбе ва Хуҷанд ба Волгоград ҳаракат мекунанд, ки барои онҳо низ фурӯши чипта боз аст», — афзуд манбаъ.
Аз хатсайри мазкур мусофирон аз Узбекистон ва Қазоқистон, ки қатора дар он ҷойҳо таваққуф мекунад, истифода бурда метавонанд.
Ба гуфтаи ӯ, қатораи аввал аз 13 вагон иборат буда, қатораҳо аз Кӯлоб ба Волгоград ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ҳаракат мекунанд ва рӯзҳои ҷумъа ба истгоҳи Волгоград-1 меоянд. Қатораҳои мусофирбар дар масири Кӯлоб –Волгоград ҳар ҳафта рӯзи сешанбе аз Кӯлоб ҳаракат карда, рӯзи ҷумъа ба Волгоград мерасанд. Ва аз Волгоград рӯзи ҷумъа ба роҳ баромада, рӯзи душанбе ба Кӯлоб меоянд.
Катораи мусофирбар дар хатсайри Душанбе–Волгоград рӯзи шанбе аз Душанбе ба роҳ баромада, рӯзи сешанбе бармегардад. Аз Хуҷанд ба Волгоград қатораи мусофирбар рӯзи чоршанбе ҳаракат намуда, рӯзи шанбе бармегардад.
Ҳангоми ҳаракат қатораҳои мусофирбар дар чанд маҳаллаи аҳолинишини Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Русия барои шинонидан ва фаровардани мусофирон таваққуф менамоянд.
Дар назар аст, ки ин се хатсайр дар як моҳи оянда марҳила ба марҳила ба кор шурӯъ кунанд.
Ҳаракати қатораҳои мусофирбар баъди ду соли маҳдудияти ҳаракати қатораҳои байналмилалии мусофирбар дар Русия дар робита ба паҳншавии бемории COVID-19 пас аз музокироти сатҳи олӣ бо роҳбарияти роҳи оҳани ҳарду кишвар дар асоси дастури Протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, инчунин барқияи роҳи оҳани Федератсияи Русия сурат гирифтааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 131 ҳазор тонна сабзӣ ҷамъоварӣ карданд
Тоҷикистон ва Фонди Қатар оид ба рушд масъалаи густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Вашингтон Бизнес-Конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид
Дар соҳили дарёҳои шаҳри Ваҳдат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Дар Вашингтон имкони роҳандозии парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардид
Дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтанд
Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра иҷро намуданд
Шурои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид
Ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷиҳати татбиқи 22 лоиҳа тасдиқ гардид






