Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки рисолаташро муваффақона ба анҷом расонид
ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар мусоҳиба бо хабарнигори ТАСС гуфт, ки рисолаташро дар ҷумҳурӣ муваффақона ба анҷом расонид.
«Ман аз кишвар бо иҷрои вазифа ҳам дар назди Русия ва ҳам дар назди Тоҷикистон меравам. <…> Ба фикри ман, дар зарфи нуҳ сол бисёр корҳои хубу муҳим анҷом дода шуданд. Дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра натиҷаҳои амалии мусбат ба даст омаданд», — гуфт дипломат.
Ӯ тазаккур дод, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон дӯстони зиёде пайдо ва бо ҳамкорон, намояндагони ҷомеаи маҳаллӣ, фарҳангиён равобити мутақобилаи самимӣ барқарор карда, аз ҷудоии қарибулвуқӯъ бо онҳо изҳори таассуф намуд.
Лякин-Фролов зикр кард, ки дар солҳои фаъолияти ӯ ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ фаъолона рушд ёфт. Барномаҳои фарҳангии муштараки ҳунармандони ду кишвар ва сафарҳои ҳунарӣ баргузор карда шуданд. Инчунин дар кишвар шавқу ҳавас ба омӯзиши забони русӣ зиёд гардид. Панҷ мактаби нави таҳсил ба забони русӣ сохта шуданд, ки имсол онҳо аввалин талабагонро қабул мекунанд. «Мавзӯи ҳарбӣ-ватандӯстӣ сазовори таваҷҷуҳи хосса аст. Дар тӯли ин муддат мо ташаббусҳои маҳаллиро ҷиҳати абадӣ гардонидани хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолона дастгирӣ намуда, дар қабристоне, ки дар он ҷо сарбозону афсарони иштирокчии ҷанг дафн шудаанд, гирдиҳамоӣ ва шанбегӣ баргузор мекардем», — гуфт дипломати рус. Ӯ ба саҳми ташкилоти собиқадорони маҳаллӣ дар тарбияи кӯдакону ҷавонон баҳои баланд дод.
«Гуфта метавонам, ки тамоми ин солҳо худро дар Тоҷикистон бароҳат ҳис мекардам», — хулоса кард ӯ. Лякин-Фролов ба халқи тоҷик барои самимият, меҳрубонӣ, муносибати дӯстона ва дастгирии иқдомҳои гуногун миннатдорӣ баён намуд.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки «тайи ин солҳо равобити Русия ва Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо — сиёсат, иқтисод, мудофиа, фарҳанг ва гуманитарӣ — бемайлон рушд ва таҳким ёфт».
Қаблан Лякин-Фролов гуфта буд, ки муколамаи президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон равобити наздики иттифоқчиёнро бозгӯ мекунад.
Лякин-Фролов моҳи августи соли 2013 сафири Русия дар Тоҷикистон таъйин шуда буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд






