Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз коҳишёбии теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 дар ҷаҳон хабар дод
ДУШАНБЕ, 25.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), аз 15 то 21 августи соли 2022 шумораи ҳолатҳои нави ҳарҳафтаинаи гирифторӣ ба COVID-19 дар саросари ҷаҳон нисбат ба ҳафтаи қаблӣ 9% коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамин ҳол, дар давоми ҳафт рӯзи охир беш аз 5,3 миллион ҳолати нав ба қайд гирифта шуда, теъдоди фавтидагон бар асари COVID-19 нисбат ба ҳафтаи гузашта 15% кам гардидааст. Ҳамин тариқ, дар саросари ҷаҳон беш аз 14 ҳазор ҳолати фавт сабт шудааст.
Ба иттилои ТУТ, то 21 августи соли 2022 дар саросари ҷаҳон 593 миллион ҳолати тасдиқшудаи коронавирус ва 6,4 миллион фавт ба қайд гирифта шудааст.
АКС: Depositphotos








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






