ВАО: теъдоди қурбониёни даргириҳои мусаллаҳона дар Бағдод ба 30 нафар расид

Август 31, 2022 12:12

ДУШАНБЕ, 31.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари даргириҳои мусаллаҳона дар Бағдод-пойтахти Ироқ қариб 30 нафар кушта шуданд. Тавре АМИТ «Ховар»иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи сешанбе, 30 август шабакаи телевизионии Al Hadath хабар додааст,

Қаблан дар бораи кушта шудани 20 нафар хабар дода буданд. Бино ба гузориши шабакаи телевизионии Ироқ, дар ин даргириҳо қариб 380 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Субҳи рӯзи сешанбе дар бораи ҳамлаҳои мушакӣ ба «минтақаи сабз»-и Бағдод, ки дар он идораҳои давлатӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ ҷойгиранд, хабар расид. Шабакаи телевизионии Sky News Arabia хабар дод, ки зарбаро чаҳор ракета анҷом додаанд.

Рӯзи душанбе садҳо тан тарафдорони имом-хатиби шиавӣ Муқтадо Садр, ки аз сиёсат рафтани худро эълон кард, «минтақаи сабз»-и пойтахти Ироқро ишғол ва Қасри ҷумҳуриро иҳота карда, вориди бино шуданд.

Сарфи назар аз соати комендантӣ дар саросари кишвар, дар пойтахт ва якчанд минтақаи Ироқ даргириҳо идома доранд.

Тавре шабакаи телевизионии Al Arabiya рӯзи сешанбе хабар дод, дар маҳале, ки бинои парлумони Ироқ воқеъ аст, аз гранатаандозҳои РБГ-6 истифода шудааст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира”, шоми сешанбе намояндагони ҳукумат ва раҳбарони теъдоде аз неруҳои сиёсии Ироқ дар бораи оташбас дар «минтақаи сабз» музокира анҷом доданд, аммо дар бораи тавофуқоти ҳосилшуда иттилоъ дода нашудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 31, 2022 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд