«ВАТАНАТОНРО ДӮСТ ДОРЕД!». Эрна Ҳайзер мегӯяд ба Олмон меҳмонӣ омадааст, ватанаш Тоҷикистон аст

Август 28, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 28.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мусиқишинос ва оҳангсоз Эрна Ҳайзер, муаллифи як қатор асарҳо оид ба таърихи мусиқии тоҷик, чанде пеш 80-солагии зодрӯзашро таҷлил намуд. Ӯ 23 августи соли 1942 дар оилаи геологҳои немис Роберт Ҳаййзер ва Вера Рутинг дар шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) ба дунё омадааст, вале баъдтар ба Тоҷикистон кӯчидааст. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ба наздикӣ дар Берлин меҳмони Эрна Ҳайзер шуд ва ӯро бо зодрӯзаш табрик намуд. 

Соли 1941 тибқи фармони Раёсати Шӯрои Олии собиқ ИҶШС «Дар бораи кӯчонидани немисҳое, ки дар Поволже зиндагӣ мекунанд», бисёр немисҳо ба манотиқи ҷанубии кишвар, аз ҷумла ба Қазоқистон ва Тоҷикистон   муҳоҷир шуданд.

Эрна Ҳайзер, мусиқишинос ва ҳамсари оҳангсози маъруфи тоҷик Фирӯз Баҳор, 23-юми августи 1942 дар оилаи геологҳои олмонӣ – Роберт Гейзер ва Вера Рутинг – таваллуд шудааст. Оилаи Гейзерҳоро пас аз хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон ба Ленинобод, Хуҷанди имрӯза,  кӯчиданд.

Дар суҳбат бо хабарнигори Радиои «Озодӣ» Хиромон Бақозода, ки моҳи майи ҳамин сол сурат гирифт, Эрна Ҳайзер қисса кард, ки аввал оилаи онҳоро ба Ленинобод, ҳозира Хуҷанд оварданд. Дар он ҷо ӯ мактабро хонда тамом карда, шуъбаи фортепианои омӯзишгоҳи мусиқӣ ва сипас факултети забону адабиёти руси Донишкадаи педагогиро ба итмом расонидааст. Вале азбаски мусиқиро дӯст медоштааст, вақте ба Душанбе мекӯчанд, ба Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон шомил мешавад.

«Дар он ҷо бо ҳамсарам ҳангсоз Фирӯз Баҳор. – Тавз. АМИТ «Ховар») шинос шудам ва пас аз хатми донишгоҳ тӯй кардем. Баъди он ба аспирантураи Академияи илмҳо дохил  шудам», — мегӯяд Эрна Ҳайзер.

Яъне ӯ ду донишкада – педагогӣ ва  ҳунарҳои зебо ва сипас аспирантураро хатм карда, дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурд ва ходими калони илмӣ кор кардааст.  Мақолаву рисолаҳои илмиаш чоп шудаанд.  «Он чи мехостам, ба он ноил шудам», — изҳор мекунад ӯ бо қаноатмандӣ.

Ҳамин тариқ, фарзанди муҳоҷирони немис Эрна Ҳайзер дар Тоҷикистон ба камол расида, ба ҳайси омӯзгор ва корманди илмӣ ифои вазифа намудааст.  Соли 1996 ҳамроҳи ҳамсараш ба Берлин мекӯчад. Онҳо инак 48 сол боз бо ҳам зиндагӣ мекунанд.

Дар бораи рафтанашон ба Олмон Эрна Ҳайзер чунин мегӯяд:

«[…] Агар ҷанг (ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон. – Тавз. АМИТ «Ховар») намебуд, ба ҳеҷ куҷо намекӯчидем… Менталитети ман дигар аст, немисӣ нест… Ман як духтаре ҳастам, ки тарбияи дуруст гирифтаам, ман ватанамро дӯст медорам. Ватани ман Тоҷикистон аст. Ман дар ҳамон ҷо калон шудаам… Ман ғусса мехӯрам…Мо ин ҷо (дар Олмон. – Тавз. АМИТ «Ховар») меҳмон ҳастем… Ман ҳоло ҳам ҳамаи онҳо — тоҷикони азизи худро дӯст медорам».

Эрна Ҳайзер ба саволи хабарнигор дар бораи он ки ба ҳаммеҳанони худ – тоҷикистониён чӣ гуфтан мехоҳад, кутоҳ чунин посух дод:

«Ватанатонро дӯст доред, он (Ватан. – Тавз. АМИТ «Ховар») яккаву ягона  аст. Ман ин ҷо омадам, вале Ватани ман он ҷо монд…».

АКС аз бойгонии шахсии Э. Ҳайзер

Август 28, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти амиқ ба вуҷуд овардааст
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» оғоз гардид
Барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ба беш аз 57 ҳазор оилаи шаҳри Ваҳдат «Шоҳнома» тақдим мегардад
ИЛМ ДАР БАЛАНДИИ ЗИЁДА АЗ 5000 МЕТР. Дар калонтарин пиряхи Тоҷикистон — Ванҷях таҳқиқоти илмӣ гузаронида шуд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Шинҷони Чин ҳамкориро тақвият медиҳад
Ёдгориҳои нодири тамаддуни тоҷикон дар Осорхонаи миллии Чин ба намоиш гузошта шуданд
Аз ҷониби нашриёти «Адиб» чор китоб ба нашр расид
Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Шоҳнома» ба ноҳияи Файзобод расид
Байни консерваторияҳои Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Намояндагони Шурои байналмилалии ҳунармандӣ бо намунаҳои сӯзании Панҷакент шинос шуданд
Сокинони шаҳри Роғун соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ гардиданд