ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Куштори кӯдакону табибон ва мардуми осоишта сахттарин ҷиноят аст,- Садриддин Ҳасанзода, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба расми кўдакони дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара ҳалокгашта нигариста, дили кас хун мешавад. Куштори кӯдакону табибон ва мардуми осоишта сахтарин ҷиноят аст. Ин ҷинояти сангину нобахшиданист ва набояд он ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузорад. Таърих чунин бераҳмиро зиёд дар ёд дорад ва башарият баъди садсолаҳо ҳам содиркунандагони онро нафрину сарзаниш мекунанд. Магар инсони солим метавонад дар ҳаққи фарзанди як каси дигар, боз бачаи ҳамсоя чунин разолатро раво бинад?!, — изҳор дошт Садриддин Ҳасанзода узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ Садриддин Ҳасанзода.
«Дар таърих мо бо ягон давлат ҷанг накардаем. Агар касе ба сарзамини мо ҳуҷум карда бошад, мо муқовимат ва дифоъ аз худ кардаем ва билохира пирӯз ҳам шудаем», гуфтаҳои шоири зиндаёди тоҷик Муъмин Қаноатро ёдовар шуд Садриддин Ҳасанзода.
«Қариб аксари мардуми Қирғизистон давлату ҳукуматашонро эътироф намекунанд. Ҳамеша ба пешниҳоду амалкардҳои президенти худ муқовимат менамоянд. Қариб ҳар сол дар Қирғизистон исён мекунанд. Ҳамин аст, ки дар ин давлат президентҳо зуд-зуд иваз мешаванд ва сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар ин кишвар меафзояд. Дар ин давлат гурӯҳҳои мухталиф амал ва худсарона шӯришу иғвоҳо барпо мекунанд. Ҳамла бар сарзамини мо низ дар пайи дасисаҳои ҳамин гурӯҳҳои иғвогару манфиатҷў тарҳрезӣ шудааст», -таъкид намуд нависанда.
Номбурда тазаккур дод, ки «имрӯз мо бо ҳамсоякишварҳои худ дӯсту бародар ҳастем, ки ин аз иттиҳоди мардум ва пуштибонӣ аз сиёсати давлату ҳукуматамон, бахусус сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Имрӯз Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои дунё муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобила ба роҳ мондааст. Яке аз онҳо- дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон аст, ки ба шарофати Сарони ин давлатҳо ва сиёсати хирадмандонаи онҳо дар фазои суботу оромӣ зиндагӣ дошта, ҳар ду ҷониб аз ин муносиботи хуб манфиати зиёд мебинанд».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад






