ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Расонаҳои хориҷӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҷеъ ба амалҳои беандешонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯӣ Қирғизистон бозгӯ намуданд

Сентябрь 22, 2022 18:24

ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия вобаста ба воқеаҳои охир дар хати сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои англисӣ, русӣ ва туркӣ тарҷума шуда, ба расонаҳои кишвари иқомат фиристода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.

Дар натиҷа, 21-уми сентябр расонаҳои “Gazete Berlin”, “Gazete Hollywood”, “Gazete Katar”, “Gazete Viyana”, “Rusya Gazetesi” ва “Turk News” дар саҳифаҳои худ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҷеъ ба амалҳои беандешонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯӣ Қирғизистон бо забонҳои туркӣ, русӣ, англисӣ ва зиёда аз 14 забони дигар нашр намуданд.Ёдовар мешавем, ки 14-18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода кард.

Маълумоти муфассали расмӣ дар бораи амалҳои таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хронологияи рӯйдодҳо дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия

Сентябрь 22, 2022 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид