Ба шарафи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Бонки Эсхата» ва НБП «VISA» иқдоми якҷоя эълон менамоянд
ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бонки Эсхата» ва НБП «VISA» иқдоми якҷояи «Бурди афсонавӣ» оғоз менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар «Бонки Эсхата» хабар доданд.
Мизоҷон акнун ҳангоми пардохт бо корти VISA-и «Бонки Эсхата» имкон доранд роҳхат барои ду нафарро ба мамлакатҳои гарм бурд кунанд ё соҳиби смартфони зебои iPhone 13 Pro Max шаванд.
«Мизоҷоне, ки бо корти VISA-и «Бонки Эсхата» дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ пардохт мекунанд ё дар интернет-мағозаҳо бо корт ба маблағи на камтар аз 100 сомонӣ харид мекунанд, иштирокчии ин иқдом мегарданд. Ба онҳо давоми 3 рӯз пас аз пардохт бо рақами тартибии иштирокчӣ SMS-паёмак меояд»,- гуфтанд дар «Бонки Эсхата».
Иқдом 9 сентябри соли 2022 оғоз шуда, аз 4 давр иборат аст: даври 1-уми он 30.09.2022 ба охир мерасад ва 3 саёҳат барои ду нафар ба Мисри пурасрор бурд карда мешавад. Инчунин иштирокчии аз ҳама фаъол соҳиби 1 туҳфа — 1 iPhone 13 Pro Max мегардад.
Даври 2-юми иқдом 31.10.2022 ба охир мерасад ва 3 саёҳат барои ду нафар ба Туркияи офтобрӯя бурд карда мешавад. Иштирокчии аз ҳама фаъол соҳиби 1 туҳфа — 1 iPhone 13 Pro Max мегардад.
Даври 3-юми иқдом 30.11.2022 ба охир мерасад ва ва се нафари хушбахт ба АМА-и афсонавӣ (Дубай) барои ду нафарӣ роҳхат хоҳанд гирифт. Иштирокчии аз ҳама фаъоли даври 3-юм низ соҳиби смартфони iPhone 13 Pro Max хоҳад гардид.
Даври 4-уми иқдом 31.12.2022 ба охир мерасад ва ҳамчунин се ғолиб соҳиби роҳхат барои ду нафарӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб (Дубай) мешаванд. Иштирокчии аз ҳама фаъоли даври 4-ум соҳиби смартфони iPhone 13 Pro мегардад.
АКС: «Бонки Эсхата»








Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2404 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид






