Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир гардид

Сентябрь 15, 2022 10:17

ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъияти тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва тариқи маҷозӣ роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Амрико, Фаронса, Британияи Кабир, Қатар иштирок доштанд.

Ҳадаф аз таъсиси шӯрои мазкур — ҷалб ва сафарбар намудани диаспораи тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҳамкорӣ бо онҳо барои таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи фароҳам овардани заминаҳои мусоид, бунёди эътимод ва таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Раиси Шӯро Ширин Амонзода зикр намуд, ки бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат солҳои охир робита бо диаспораҳои тоҷику ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта истодааст.

Таҷрибаи фаъолият дар ин самт нишон медиҳад, ки қисми бештари намояндагони диаспора, ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷа, бахусус дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо намояндагиҳои мақомоти Тоҷикистон дар ин кишварҳо робитаи хуби ҳамкорӣ дошта, аз фаъолияти ин намояндагиҳо пайваста дастгирӣ намуда, ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита мусоидат менамоянд.

Дар айни замон 67 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, 7 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Украина, 3 ташкилот дар Ҷумҳурии Туркия, 1 ҷамъияти Олмону Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия, 7 ҷамъияти фарҳангӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, 20 маркази фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият доранд, ки  ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳалли дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Дар ҷараёни ҳамоиш муовини Раиси Шӯро – муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар сухан гуфта, гузориши намояндагони вазорату идораҳо оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ шунида шуд.

Дар кори шӯро тариқи маҷозӣ намояндагони диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Британияи Кабир, Амрико, давлати Қатар иштирок намуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Сентябрь 15, 2022 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд