«ЧУН ТЕҒ БА ДАСТ ОРӢ, МАРДУМ НАТАВОН КУШТ…». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад

Сентябрь 22, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 22.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. 20 сол инҷониб дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва бо баргузории конфронсу суҳбатҳо бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки ин сана аз соли 2002 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад. Зеро устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷик маҳсуб шуда, чун нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик шинохта шудааст. Яке аз хидматҳои ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар таҳкими сулҳу дӯстӣ ва дӯст доштани обу хоки ватан саҳми шоиста гузоштааст. Дар ин вазъияти ногувор, ки имрӯзҳо Тоҷикистон бинобар ҳуҷуми мусаллаҳонаи Қирғизистон ба он гирифтор аст, панду андарзи Одамушшуаро беш аз ҳар вақти дигар ба мо заруранд ва моро ба сабурию таҳаммулпазирӣ даъват менамоянд:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.

Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт.

Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

Гуфто, ки “киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?”

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Ба зикри Сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, шеърҳои Рӯдакӣ монанди рӯҳаш пок ва беғубор буда, аз ҷиҳати маънӣ пухтагии том доранд. Панду ҳикматҳои ӯ, ки дар бораи омӯзиши зиндагӣ ва ҳикматҳои ҳаёт, некӣ ва покахлоқӣ мебошанд, аҳамияти калони таълимӣ дошта, барои тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, озодандешӣ, ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, ташаббускорӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва амсоли инҳо хизмат мекунанд.

«Устод Рӯдакӣ дар мавзӯъҳои гуногун, ки яке аз онҳо муҳаббат ба ватан мебошад, асар офаридааст. Ба даҳон гирифтани худи ҳамин ибора ҳамоно ақидаи шоирро равшан мегардонид, доираи андешаи ӯро вусъат мебахшид ва ба ин восита, гӯё шукӯҳу бузургӣ шахсияти вайро фаро мегирифт. Ин ҳолат аз он муҳаббати одие, ки шахс нисбат ба маҳалу зодгоҳи худ дорад ва ё меҳанпарастии ғуруромез ба маротиб баландтар аст», — мегӯяд Асомиддин Бобозода.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, муҳаббат ба ватан дар шеъри шоирони аҳди Сомонӣ неруи воқеъбинонаи қаҳрамонӣ ва ҷавонмардӣ дошт. Аз ин хотир мафҳуми ватан ва ватанпарастӣ ба маънавиёт ва эътиқод ворид мешавад ва ба ин восита дар зеҳнияти инсонҳо муҳаббати яздонӣ ба ватан парвариш меёбад.

«Чунончи, мафҳуми Бухоро дар ашъори Рӯдакӣ, аз ҷумла дар шеърҳои машҳури «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме», «Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд», «Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд, дил ба Бухорову бутони Тароз» ва ғайра чун рамзи шаҳри озодагон дар оҳангу овози муҳаббат ба ватани аҷдодӣ, ҳувияти миллӣ, озодию истиқлол, шодбошию фараҳ ифода гардидааст. Барои собит сохтани ин фикр далел овардани шеъри машҳури «Бӯи ҷўи Мӯлиён ояд ҳаме» кофист, ки бо шунидани он Амири Сомонӣ Насри II бетаъхир аз Ҳирот роҳи Бухороро пеш гирифта буд»,- афзуд ӯ.

Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, дар замони устод Рӯдакӣ Хилофати араб яке аз нерумандтарин давлати ҷаҳон буд. Ҳисси ватанпарвариву ватанхоҳии шоир он қадар баланд мешавад, ки дар натиҷа дили ватани тоҷикон-пойтахти давлати Сомониёнро ба маркази хилофат муқобил гузошта, ба натиҷае меояд, ки имрӯз Бухоро аз Бағдод боло ва пеш аст, чунки он дар замони Рӯдакӣ ба яке аз марказҳои бузурги сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷаҳон табдил ёфта буд:

Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост!

Рӯдакӣ аз осори гаронмояи моддиву маънавӣ, дар мисоли коху қасрҳои пурҳашаммат ва дигар ёдгориҳои таърихӣ, ки то замони вай боқӣ монда буданд ва аз фарҳанги бостонии аҷдодони худ ифтихор дошт, чунончи:

Маккӣ ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил,
Тарсо ба усқуфу алавӣ б-ифтихори ҷадд.

Имрӯз, ки дар асри рушди илму техника, технологияҳои нав ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ таҳкими худшиносиву ваҳдати миллӣ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз аст, ин беш аз пеш моро водор мекунад, ки ба хиради ниёгон, махсусан ба ашъори ҷовидонаи устод Рӯдакӣ такя бикунем, зеро «истиқлоли ҳақиқӣ барои мо аз истиқлоли ақлҳо сар мешавад».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода