Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди нахи пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он ба давлати Кувайт ва кишварҳои Халиҷи Форс дар ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, роҳбари ҳайати кувайтӣ, Ҳамраиси комиссия аз ҷониби Давлати Кувайт Асел Сулаймон ал- Саъд ал- Мунифӣ, соҳибкорону намояндагони ширкатҳои бонуфузи Кувайт ва намояндагони Палатаи савдо ва саноат ширкат варзиданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз дошт, ки сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Кувайт соли 2016 ба рушди ҳамкории дуҷониба заминаи нав гузошт.
Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо вобаста ба густариш додани ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби бештари сармояи кувайтӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироти меваю сабзавоти тару тоза, меваҳои хушк, оби нӯшокӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти дорандаи тамғаи «Ҳалол» мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди нахи пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он ба давлати Кувайт ва кишварҳои Халиҷи Форс ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба густариши ҳамкорӣ барои рушди инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои кувайтӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш санади байниҳукуматӣ ба имзо расид, ки он тақвияти ҳамкорӣ дар самти энергетика, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки мамлакатро дар бар мегирад.
Дар доираи ҷаласа ҳайати Давлати Кувайт 21 сентябр аз ҶДММ «Сиёма», ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶДММ «Артел –Авесто Электроникс» дидан намуда, бо фаъолияти корхонаҳои мазкур аз наздик шинос мешавад.
Дар ин рўз меҳмонон ҳамчунин бо мақсади бештар шинос шудан бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти соли 1995 барқарор шудаанд.
Давлати Кувайт дар қатори нахустин давлатҳои ҷаҳон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт 24 июни соли 2013 дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт расман ифтитоҳ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба соли 1995 аз Давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал оварданд. Зимни ин сафарҳо Сарвари давлат бо Амири Давлати Кувайт Шайх Аҳмад ал-Ҳамад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва дигар шахсони расмӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.
Хотиррасон мешавем, ки соли 2017 дар Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 28 марти соли 2016 дар Кувайт намоиши барномаҳои консертӣ, аксҳо, ҳамчунин ярмарка-намоиши маҳсули дасти ҳунармандон ва хӯрокҳои миллиро баргузор намуда буд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни соҳибкорони вилоятҳои Хатлон ва Ленинград шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе системаи таваққуфгоҳи автоматӣ ба роҳ монда шуд
Парвозҳои мунтазам дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш оғоз гардиданд
Ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад
Дар Риёз вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо Директори генералии UNIDO баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон овоздиҳии онлайнӣ дар доираи Ҷоизаи миллии «Telecom Awards Tajikistan 2025» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳи соли 2025 маблағи изофанависии неруи барқ дар Тоҷикистон беш аз 92 миллион сомониро ташкил медиҳад
Масъалаи истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолот баррасӣ карда шуд
Доир ба нақши зеҳни сунъӣ дар ташаккули иқтисодиёти муосир конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сеюми иқтисодии «Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо» иштирок намуд






