Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Россия» доир гардид

Сентябрь 15, 2022 16:10

ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Россия» доир гардид, ки аз рӯи  натиҷаҳои он миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Россия дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак ва хизматрасонӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Дмитрий Волвач,  намояндагони ҳукумат, вазорату идораҳо, доираҳои корӣ, коршиносон ва таҳлилгарон иштирок намуданд.

Зимни форум ҷонибҳо имконияти сармоягузории Тоҷикистон ва Россияро муаррифӣ намуда, ташаббус ва моделҳои нави ҳамкории сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи форум роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ, соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи ҳарду ҷониб соҳаҳои афзалиятноки қобили таваҷҷуҳро муаррифӣ карданд.

Мақсад аз баргузории форум- ин густариши ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ, инчунин муаррифии имконияти сармоягузорӣ мебошад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2022 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид