Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд афсарону сарбозон аёдат карда шуданд

Сентябрь 26, 2022 13:46

ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сарбозону афсаронеро, ки дар муноқишаҳои ахири марзӣ захм бардошта буданд, аёдат намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Нахуст дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ аёдат карда шуда, зимни суҳбат бо онҳо иброз гардид, ки қаҳрамониву ҷоннисориҳои чунин фарзандони шуҷои Ватан аст, ки амнияти давлату миллат таъмин аст. Ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи ҷонии ҳар ҷавонмард буда, талошу пайкор ва заҳмату азхудгузаштагиҳои афсарону сарбозони далер моро итминон мебахшад, ки ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор гузорем.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд низ сарбозону афсаронро аёдат намуданд.


Зимни аёдат иттилоъ дода шуд, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табобати захмбардоштагон кормандони беҳтарини соҳаи тиб ҷалб гардида, онҳо бо доруворию хӯрокворӣ ва маводи зарурӣ пурра таъмин мебошанд.

Зимни аёдат афсарону сарбозон изҳор доштанд, ки ҳамеша барои муҳофизати марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол омода буда, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки пойи нохалафе ба сарзамини мо бирасад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 26, 2022 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд