«Давлати исломӣ»* масъулияти ҳамлаи террористиро дар назди Сафорати Русия дар Кобул бар уҳда гирифт

Сентябрь 6, 2022 10:09

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»* масъулияти ҳамлаи террористиро дар назди Сафорати Русия дар Афғонистон бар уҳда гирифт. Дар ин бора аггентии иттилоотии «РИА Новости» хабар медиҳад.

Таркиш дар наздикии бинои шуъбаи консулии намояндагии дипломатии Русия рух додааст. Террористи маргталаб таҷҳизоти тарканда ба кор даровардааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса ду корманди сафорат ва якчанд сокинони Кобул ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои корманди полиси Афғонистон Холид Задрон,  ҷинояткор мехост дар ҷамъи омма таркиш ба амал орад, аммо барои ин фурсат наёфт. Полисҳо ба ҷониби ӯ пештар оташ кушоданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон Вазири мудофиаи ФР Сергей Шойгу иттилоъ дод, ки вақтҳои охир шумораи террористони «Давлати исломӣ»*  дар Афғонистон ду маротиба афзоиш ёфтааст. Дар ин бора ӯ зимни вохӯрӣ бо ҳамтои британиягияш Бен Уоллес изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС. Илова бар ин, Вазири мудофиаи ФР аз эҳтимоли аз ҷониби террористон истифода шудани силоҳҳое, ки неруҳои эътилофи ғарбӣ дар Афғонистон гузоштаанд, изҳори нигаронӣ кард.

Қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин бора ҳушдор дода буданд. «Мардуми осоиштаи Афғонистон имрӯз бо даҳшат рӯ ба рӯ шудааст,-зикр намуданд Сарвари давлати Тоҷикистон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ охирҳои моҳи сентябри соли сипаригардида,- Мо бояд дарк кунем, ки ин ҳолат аз берун ташкил ва ба мардуми Афғонистон таҳмил шудааст. Гурӯҳҳои гуногуни террористӣ бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ дар Афғонистон мавқеи худро фаъолона мустаҳкам карда истодаанд».

______________________

*Ташкилоти террористӣ, ки дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнуъ эълон карда шудааст

АКС аз бойгонии ТАСС

Сентябрь 6, 2022 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад