Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Русия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григорев мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар доданд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба муносибати таъйин гардидан ба сифати Сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григоревро табрик намуда, дар ин рисолати муҳим ба ӯ комёбиҳо таманно кард.
Зимни суҳбат дар фазои анъанавии ҳусни эътимоду созанда роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Президенти Русия Владимир Путин 16 август бо як Фармон Семён Григоревро Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон таъйин кард. Ӯ дар ин маснад Игор Лякин-Фроловро, ки Сафири Русия дар Тоҷикистон буд, иваз мекунад.
АКС: Сафорати ҶТ дар ФР








Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад






