ЭҲДО БА РЎЗИ МАВЛОНО. Пешвои миллат: «Осори Ҷалолуддини Балхӣ дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонданитарини аҳли олам қарор гирифтааст»

Сентябрь 28, 2022 15:16

ДУШАНБЕ, 28.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Асарҳои гаронбаҳои Мавлоно –«Маснавии маънавӣ», «Девони кабир», «Фиҳи мо фиҳи»«Мавоизи маҷолиси сабъа» ва «Мактубот»  осори нотакрор мебошанд. Шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо-тоҷикон ва тамоми башарият аст.  Ҷалолуддини Балхӣ, аслан, зодаи Вахшонзамини имрўза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон, воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг, соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафиву ирфонӣ дасти тавоно доранд. Мавлоно дар силсилаи он фарзандони фарзона ва арҷманди миллати куҳанбунёди тоҷик қарор дорад, ки бо сухани гарму нарми ў ба ҷисми забони модарии диринарўзгори мо рўҳи тоза ва ҷони нав дамидааст. Ин иқтибос аз китоби дуюми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таҳти унвони «Забони миллат -ҳастии миллат» (соли 2020) аст, ки   дар боби 1 –Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон оварда шудааст.

Пешвои миллат дар ин китоб таъкид намудаанд, ки «осори ҷовидонаи Мавлоно Балхӣ имрўз ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар интиҳои асри XX дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонданитарини аҳли олам қарор гирифтааст».

Сарвари давлат зимни тафсири осори Мавлоно,  нигоштаанд, ки «осори ин шоири тавоно дар ҳамгироии халқҳову тамаддунҳо хизмати арзишманд кардаанд ва маслаку равияашон дар амри таҳкими робитаҳои тамаддунҳо ва ҳамзистии осоиштаи аҳли башар барои мо имрўз низ хеле ибратомўз аст. Мавлоно инсонро бузургтарин ва азизтарин офаридаи Худованд дониста, ўро ба сиёҳу сафед, ирқу нажод, ғарибу шарқӣ ва бутпарасту насронӣ тақсим намекунад. Мавлонои Балхӣ бо намояндагони қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун озодона сухан мегуфт. Дар баробари ин ҳамдилию ҳамдигарфаҳмиро таъминкунандаи осоиши башар медонист:

Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст».

 Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштаанд,  ки  мутафаккир ба бузургтарин анъанаҳои ахлоқии ниёгони мо ва арзишҳои умумибашарӣ такя карда, некиву накукорӣ, хайру эҳсон, навозиши ятимону бепарасторон, ахлоқи ҳамида, дигар фазилатҳои писандида ва адолати иҷтимоиро дар осори ҷовидонаи худ тараннум кардааст. Чунончи:

Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,
Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ! 

«Мавлоно Балхиро, ки мақому манзалати инсонро, сарфи  назар аз  мансубият ба миллату мазҳабҳои гуногун, аз ҳама болотар гузоштааст, метавон яке аз саромадони оғози муколамаи Шарқу Ғарб  ва робитаи мусолиматомези дину мазҳабҳо номид, ки дар ин таъкид ягон муболиға ва ё иштибоҳе нест. Мегўянд, ки баъди фавти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар шаҳри Қуния мотами умумихалқӣ барпо шуд. Аз паси тобути ў издиҳоми бузурги мардуми қавму  миллат ва мазҳабҳои гуногун рафта, ҳар кадоми онҳо аз Куръону Инҷил ва Тавроту Забур ба арвоҳи ў  дуову мунољот мехонданд»,-  омадааст дар китоби  «Забони миллат -ҳастии миллат».

Тавре  Пешвои миллат  нигоштаанд: «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондўстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳимми ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён доштанд, ки имрўз низ ҷавобўйи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошанд».

Барои мисол овардани чанд мисрае аз ашъори ў кофист.

Чунончи:

Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.

Ё худ:

Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,
Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.

Хотиррасон мешавад, ки  маҳз бо талошҳои Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон шӯҳрати ҷаҳонии Мавлоно дубора эҳё гардида, имрӯз хурду бузург ашъори безаволи ӯро мутолиа, таҳлилу таҳқиқ ва муҳокима менамоянд. Ҳамасола дар мамлакат 30-сентябр Рўзи Мавлоно бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Нишони баргузории чунин чорабиниҳо ҳамоиши бузурги  байналмилалие буд, ки соли 2007 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  донишмандони  шинохтаю мавлоношиносони сатҳи ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Ин ҳамоиши бошукӯҳ дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Дар ин сол яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш ҷойгир аст, ба номи Ҷалолиддини Балхӣ тағйири ном карда, дар маркази ноҳия  муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта  шуд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

  АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 28, 2022 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ оид ба таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт