Имсол дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 200 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли 2022 дар минтақаҳои озоди иқтисодии /МОИ/ Тоҷикистон ба маблағи 243 миллион сомонӣ (қариб 24 миллион доллар) маҳсулот истеҳсол шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар моҳҳои январ ва июли соли равон аз панҷ Минтақаи озоди иқтисодии кишвар дар ду Минтақаи озоди иқтисодӣ –«Суғд» ва «Данғара» маҳсулот истеҳсол гардида, тамоми маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» ба даст омадаанд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии ҷануби кишвар- «Данғара» 11 субъект фаъолият дошта, дар ин давра ба маблағи беш аз 34,4 миллион сомонӣ (3,3 миллион доллар) маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 13 корхона дар зарфи 7 моҳ аз ҳама зиёд, ба маблағи 208,5 миллион сомонӣ (20,5 миллион доллар) маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Дар дигар субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, назири «Ишкошим», «Панҷ» ва «Кӯлоб» маҳсулот истеҳсол нагардидааст.
“МОИ «Суғд» ва «Панҷ» соли 2008, МОИ «Данғара» ва «Ишкошим» соли 2009 ва МОИ «Кӯлоб» соли 2019 таъсис дода шудаанд. Фаъолияти МОИ дар кишвар аз соли 2010 оғоз гардидааст ва алҳол дар онҳо 86 субъект ба қайд гирифта шудаанд. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо аз оғози фаъолияти МОИ кишвар -аз соли 2010 инҷониб 2 миллиарду 116,4 миллион сомониро ташкил медиҳад”, иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад
Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон 57,1 миллиард сомонӣ равона карда шуд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» истифода набаред!»
Тсзоу Ҷиайи: «Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид
Татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид
Ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Дар ҷаласаи Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ чор лоиҳаи нав ба маблағи 82,5 миллион сомонӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ ворид карда шуд






