Кумаки башардӯстона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманди Афғонистон тақсим гардид

Сентябрь 29, 2022 18:50

ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1000 тонна орди гандумро ба Афғонистон ирсол намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) имрӯз хабар дод, ин кумаки башардӯстона ба зиёда аз 120 ҳазор  шахсони эҳтиёҷманди ин Афғонистон тақсим гардид.

Ёдовар мешавем, ки 26 ноябри соли 2021 бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими оғози расонидани кумаки башардӯстона аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ба  Афғонистон баргузор гардид.

Кумаки мазкур аз 2500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода шуд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аввалин шуда тасмим гирифт, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод ба Афғонистон пешниҳод намояд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 26 августи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш доир гардид.

Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳидро, аз ҷумла оид ба масъалаҳои калидии байналмилалӣ, бахусус таъмини сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сарвари давлат омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи тақвияти ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории он дар ростои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ, бахусус масъалаҳои обу иқлим, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таъкид намуданд.

Ду ҷониб ҳамзамон дар робита ба вазъи ҷории ҳамсоякишвари Афғонистон табодули афкор анҷом доданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба кумакҳои башарии худ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон идома диҳад ва онро дар шароити мушкили имрӯза танҳо нагузорад. Вобаста ба ин омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ин раванд, аз ҷумла тавассути пешниҳоди имкониятҳои логистикии кишвар барои расонидани чунин кумак иброз карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари зикри нақши муҳими Ҳайати Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон, изҳори умед намуданд, ки Созмон ва ниҳодҳои марбутаи он ба қазияи Афғонистон минбаъд низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир хоҳанд кард.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки  ба тамосҳо ҷиҳати баррасии ин ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ идома хоҳанд дод.

АКС скриншот аз навор

Сентябрь 29, 2022 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»